Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2005 № 395
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2005 № 395
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010
Муқаддима
Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2006-2010 (минбаъд - Барнома) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" (моддаи 28) ва Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004 - 2009 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2004 № 291) таҳия шуда, вазифа ва роҳҳои асосии рушди соҳаи тарбияи томактабиро муайян мекунад.
Зарурияти таҳияи Барнома аз он иборат аст, ки бояд сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактаби ҳамчун зинаи нахустини таҳсилоти шаҳрвандон баланд бардошта шавад ва ба шароити нави иқтисодию иҷтимои мувофиқ гардонида шавад.
Барнома бо дастгирии офиси минтақавии дар Алмаато будаи Ташкилоти таҳсилот, фарҳанг ва илми СММ (ЮНЕСКО), ки моҳҳои июн - сентябри соли 2004 дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои таҳқиқи вазъи тарбияву таълим дар муассисаҳои томактаби, эҳтиёҷи кӯдакону волидони навоҳии Шуғнону Ванҷи ВМКБ, Панҷакенту Айнии вилояти Суғд, шаҳри Кӯлобу ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, ноҳияҳои Файзободу Роғун гузаронида шуда буд, омода гардидааст.
1. Таҳлили вазъи муассисаҳои томактабӣ
Омӯзиши вазъи муассисаҳои томактаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар 5 соли охир (солҳои 1999 - 2004) миқдори онҳо торафт кам шудааст:
Ҷадвали 1
Манбаъ: Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон
Нишондодҳо тасдиқ мекунанд, ки агар дар соли 1999 шумораи муассисаҳои доимоамалкунандаи томактаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 523 ададро ташкил диҳанд, пас онҳо дар соли 2004 ба 492 адад расида, нисбати соли 1999 ба миқдори 31 адад кам шудаанд. Вале бояд зикр кард, ки миқдори қабули кӯдакон дар ин муассисаҳо аз 51700 ба 62000 расида, талаботи волидон ба кӯдакистонҳо меафзояд. Аз шумораи умумии аҳолии 0-7 сола (1350,0 нафар) танҳо 6,2 % кӯдакони синни томактаби ба муассисаҳои томактаби фаро гирифта шудаанд, зеро солҳои охир дар мамлакат шумораи аҳолии ин синну сол хело афзудааст ва то соли 2004 ин афзоиш ба тариқи зайл аст:
...