Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" декабри соли 2011, № 664
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 185)
Муқаррароти умумӣ
1) шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ (минбаъд шурои нозирон) мақомоти экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ буда, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро оид ба рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъмин менамояд .
2) Шурои нозирон дар тӯли тамоми давраи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ амал намуда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ менамояд ().
3) Шурои нозирон аз ҷумлаи роҳбарони вазорату идораҳое, ки ба фаъолияти минтақаҳои озоди иктисодӣ, маъмуригардонии амалиётҳои савдои хориҷӣ алоқаманданд ва ташкилотҳое, ки ҷиҳати додани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи савдои беруна хизматрасонӣ мекунанд, ташкил карда мешавад. Ҳайати шурои нозиронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад ().
4) Фаъолияти шурои нозирон дар асоси муҳокимаи озоди ҳамаи масъалаҳо ва қабули қарорҳои дастаҷаъмона бо он тартибе, ки муқаррароти Низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад ().
5) Шурои нозирон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба роҳ мемонад ().
6) Вазифаҳои асосии шурои нозирон аз инҳо иборатанд ():
-муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
-анҷом додани назорати истифодаи маблағҳои Фонди ҷумҳуриявии минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
-баррасии ҳисоботҳои солонаи Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ:
-таъмини ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳои манфиатдор дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ";
-таъмини омода намудани пешниҳодҳои мувофиқашуда ва чорабиниҳои барномавӣ;
-танзими умумӣ ва назорати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
-назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳои барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷудошуда;
-муайян намудани мушкилот дар ҷараёни фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва таҳияи тавсияҳои дахлдор нисбат ба гузаронидани ислоҳоти иловагие, ки ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда мусоидат мекунанд.
7) Шурои нозирон ҳуқуқ дорад ():
маърӯзаҳои таҳлилӣ ва тавсияҳоро ба мақомоти идораи давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва таъмини иқтисодии лоиҳаҳое, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ амалӣ мешаванд, таҳия намояд;
-бо дархости Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳодҳоро оид ба тасҳеҳоти барномаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ ва мувофиқа кунад;
-ҷиҳати даровардани ислоҳот дар ташкил ва маблағгузории барномаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба мақомоти болоии ҳокимияти иҷроия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намояд;
-буҷети рушди минтақаҳои озоди иқтисодиро баррасӣ намуда, доир ба ташаккули он ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод намояд;
-аз вазорату идораҳо ва дигар тарафҳои манфиатдор ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди шурои нозирон гузошташуда маводи заруриро талаб намояд ();
-роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро ба ҷаласа даъват намуда, маълумоти онҳоро доир ба масъалаҳои фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ шунавад ва баррасӣ намояд;
-тибқи тартиби муқарраргардида вобаста ба масъалаҳои такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;
-барои таҳияи пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи вобаста ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил диҳад;
-ба фаъолияти гурӯҳҳои корӣ мутахассисони вазорату идораҳо, дигар муассиса ва ташкилотҳои манфиатдорро ҷалб намояд ва мутахассисонро аз бахши хусусӣ ва инчунин коршиносонро аз созмонҳон байналмилалӣ даъват намояд;
-ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои шурои нозирон намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусиро ба ҳайси нозир ва ҳаққи овози тавсиявӣ ҷалб намояд ().
8) Шурои нозирон фаъолияти худро мутобиқи нақшаи кори тасдикшудаи шуро, ки бояд дар ҷаласаи якуми шурои нозирон тасдиқ гардад, ба роҳ мемонад ().
9) Ҷаласаи шурои нозирон дар сурати зарурӣ, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешавад. Рӯзномаи ҷаласаро раиси шуро мувофиқи нақшаи фаъолият тартиб медиҳад. Ҷаласаи ғайринавбатии шурои нозирон бо қарори раиси шуро гузаронида мешавад ().
10) Ҷаласаи шурои нозирон ҳамон вақт салоҳиятдор хисобида мешавад, ки агар аз нисф зиёди ҳамаи аъзои он иштирок намоянд. Аъзои шурои нозирон дар ҷаласаҳои шуро шахсан иштирок менамоянд. Дар ҳолати дар ҷаласа иштирок карда натавонистани аъзои шуро, ӯ ҳуқуқ дорад фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба масъалаҳои баррасишаванда ба таври хаттӣ то баргузории ҷаласа ба котиби масъул пешниҳод намояд ().
11) Шурои нозирон дар ҷаласаҳояш нисбат ба масъалаҳое, ки ба фаъолият ва салоҳияти шуро марбут мебошанд, ҳаққи қабули қарорҳоеро дорад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва инчунин дигар ташкилотҳои дахлдор ҳатмӣ мебошад ().
12) Қарори шурои нозирон бо аксарияти овозҳои аъзои дар маҷлис иштирокдошта қабул карда мешавад (бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои хаттии аъзое, ки иштирок надоранд). Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози раисикунандаи маҷлис ҳалкунанда ба ҳисоб меравад. Қарори шурои нозирон дар шакли протокол тартиб дода шуда, ба вазорату идораҳо ва инчунин дигар ташкилотҳои дахлдор бо имзои раиси шуро ва аъзоёни дар ҷаласа иштирокдошта барои иҷрои ҳатмӣ ирсол карда мешавад ().
13) Шурои нозирон нисбат ба масъалаҳое, ки қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб менамоянд, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои дахлдорро ирсол менамояд ().
14) Кори шурои нозиронро Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад ().
15) Котиби масъул корҳои омодагиро вобаста ба баргузории ҷаласаҳои шурои нозирон, аз ҷумла гузаронидани таҳлил ва назорати иҷрои қарорҳои дар ҷаласаҳои шурои нозирон қабулшуда анҷом медиҳад, муовини раис аз натиҷаҳои иҷрои қарорҳои қабулшуда ба раиси шурои нозирон иттилоъ медиҳад ().
16) Котиби масъули шурои нозирон қарорҳои дар маҷлис қабулшударо омода намуда, барои имзо ба раис ва дигар аъзои шуро пешниҳод менамояд, Котиби масъул инчунин супоришҳои дигари раис ва муовини ӯро доир ба масъалаҳои ташкили фаъолияти шурои нозирон иҷро менамояд. Ҳамзамон Котиби масъул лоиҳаи нақшаҳои кориро тартиб медиҳад ва барои баррасӣ ба аъзои шурои нозирон пешниҳод менамояд ().
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" декабри соли 2011, № 664
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муқаррароти умумӣ
1) Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Шӯрои нозирон) мақомоти экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ буда. ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро оид ба рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иктисодӣ таъмин менамояд.
2) Шӯрои нозирон дар тӯли тамоми давраи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ амал намуда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ менамояд.
3) Шӯрои нозирон аз ҷумлаи роҳбарони вазорату идораҳое, ки ба фаъолияти минтақаҳои озоди иктисодӣ, маъмуригардонии амалиётҳои савдои хориҷӣ алоқаманданд ва ташкилотҳое, ки ҷиҳати додани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи савдои беруна хизматрасонӣ мекунанд, ташкил карда мешавад. Ҳайати Шӯрои нозиронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
4) Фаъолияти Шӯрои нозирон дар асоси муҳокимаи озоди ҳамаи масъалаҳо ва қабули қарорҳои дастаҷаъмона бо он тартибе, ки муқаррароти Низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад.
5) Шӯрои нозирон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорхои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба роҳ мемонад.
6) Вазифаҳои асосии Шӯрои нозирон аз инҳо иборатанд: муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
-анҷом додани назорати истифодаи маблағҳои Фонди ҷумҳуриявии минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
-баррасии ҳисоботҳои солонаи Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ:
-таъмини ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳои манфиатдор дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ";
-таъмини омода намудани пешниҳодҳои мувофиқашуда ва чорабиниҳои барномавӣ;
-танзими умумӣ ва назорати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
-назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳои барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷудошуда;
-муайян намудани мушкилот дар ҷараёни фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва таҳияи тавсияҳои дахлдор нисбат ба гузаронидани ислоҳоти иловагие, ки ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда мусоидат мекунанд.
7) Шӯрои нозирон ҳуқуқ дорад:
маърӯзаҳои таҳлилӣ ва тавсияҳоро ба мақомоти идораи давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва таъмини иктисодии лоиҳаҳое, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ амалӣ мешаванд, таҳия намояд;
-бо дархости Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳодҳоро оид ба тасҳеҳоти барномаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ ва мувофиқа кунад;
-ҷиҳати даровардани ислоҳот дар ташкил ва маблағгузории барномаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба мақомоти болоии ҳокимияти иҷроия ва конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намояд;
-буҷети рушди минтақаҳои озоди иқтисодиро баррасӣ намуда, доир ба ташаккули он ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод намояд;
-аз вазорату идораҳо ва дигар тарафҳои манфиатдор ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди Шӯрои нозирон гузошташуда маводи заруриро талаб намояд;
-роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро ба ҷаласа даъват намуда, маълумоти онҳоро доир ба масъалаҳои фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ шунавад ва баррасӣ намояд;
-тибқи тартиби муқараргардида вобаста ба масъалаҳои такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;
-барои таҳияи пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи вобаста ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил диҳад;
-ба фаьолияти гурӯҳҳои корӣ мутахассисони вазорату идораҳо, дигар муассиса ва ташкилотҳои манфиатдорро ҷалб намояд ва мутахассисонро аз бахши хусусӣ ва инчунин коршиносонро аз созмонҳон байналмилалӣ даъват намояд;
-ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои Шӯрои нозирон намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусиро ба ҳайси нозир ва ҳаққи овози тавсиявӣ ҷалб намояд.
8) Шӯрои нозирон фаъолияти худро мутобиқи нақшаи кори тасдикшудаи Шӯро, ки бояд дар ҷаласаи якуми Шӯрои нозирон тасдиқ гардад, ба роҳ мемонад.
9) Ҷаласаи Шӯрои нозирон дар сурати зарурӣ, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешавад. Рӯзномаи ҷаласаро раиси Шӯро мувофиқи нақшаи фаъолият тартиб медиҳад. Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои нозирон бо қарори раиси Шӯро гузаронида мешавад.
10) Ҷаласаи Шӯрои нозирон ҳамон вақт салоҳиятдор хисобида мешавад, ки агар аз нисф зиёди ҳамаи аъзои он иштирок намоянд. Аъзои Шӯрои нозирон дар ҷаласаҳои Шӯро шахсан иштирок менамоянд. Дар ҳолати дар ҷаласа иштирок карда натавонистани аъзои Шӯро, ӯ ҳуқуқ дорад фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба масъалаҳои баррасишаванда ба таври хаттӣ то баргузории ҷаласа ба котиби масъул пешниҳод намояд.
11) Шӯрои нозирон дар ҷаласаҳояш нисбат ба масъалаҳое, ки ба фаъолият ва салоҳияти Шӯро марбут мебошанд, ҳаққи қабули қарорҳоеро дорад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва инчунин дигар ташкилотҳои дахлдор ҳатмӣ мебошад.
12) Қарори Шӯрои нозирон бо аксарияти овозҳои аъзои дар маҷлис иштирокдошта қабул карда мешавад (бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои хаттии аъзое, ки иштирок надоранд). Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози раисикунандаи маҷлис ҳалкунанда ба ҳисоб меравад. Қарори Шӯрои нозирон дар шакли протокол тартиб дода шуда, ба вазорату идораҳо ва инчунин дигар ташкилотҳои дахлдор бо имзои раиси Шӯро ва аъзоёни дар ҷаласа иштирокдошта барои иҷрои ҳатмӣ ирсол карда мешавад.
13) Шӯрои нозирон нисбат ба масъалаҳое, ки қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб менамоянд, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои дахлдорро ирсол менамояд.
14) Кори Шӯрои нозиронро Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад.
15) Котиби масъул корҳои омодагиро вобаста ба баргузории ҷаласаҳои Шӯрои нозирон, аз ҷумла гузаронидани таҳлил ва назорати иҷрои қарорҳои дар ҷаласаҳои Шӯрои нозирон қабулшуда анҷом медиҳад, муовини раис аз натиҷаҳои иҷрои қарорҳои қабулшуда ба раиси Шӯрои нозирон иттилоъ медиҳад.
16) Котиби масъули Шӯрои нозирон қарорҳои дар маҷлис қабулшударо омода намуда, барои имзо ба раис ва дигар аъзои Шӯро пешниҳод менамояд, Котиби масъул инчунин супоришҳои дигари раис ва муовини ӯро доир ба масъалаҳои ташкили фаъолияти Шӯрои нозирон иҷро менамояд. Ҳамзамон Котиби масъул лоиҳаи нақшаҳои кориро тартиб медиҳад ва барои баррасӣ ба аъзои Шӯрои нозирон пешниҳод менамояд.