Низомномаи Шӯрои роҳбарикунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати татбиқи вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 аз 3 декабри соли 2011 № 601

Санаи амалкуни: 05.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2011, № 601

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2011, № 601

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои роҳбарикунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати татбиқи вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707)

1) Шӯрои роҳбарикунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати татбиқи вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (минбаъд - Шӯро) бо мақсади иҷрои талаботи Стратегияи мазкур, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, № 277 тасдиқ гардидааст, таъсисдода шудааст.

2) Шӯро мақоми машваратӣ буда, ҳамоҳангсозӣ, назорати татбиқи вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро то соли 2020 (минбаъд Стратегия) таъмин менамояд.

3) Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Стратегия ва Низомномаи мазкур татбиқ менамояд.

4) Мақсадҳои асосии Шӯро аз таъмини фаъолияти самараноки ҳамоҳангсозии вазорату идораҳои дахлдор оид ба баланд бардоштани сатҳи шуғл бо роҳи фаъолгардонии аҳолии қобили меҳнат, такмилдиҳии муҳити соҳибкорӣ ва таъсис додани бозори меҳнати фасеҳи ҳифзшуда ва барои ҳама дастрас иборат мебошад.

5) Вазифаҳои Шӯро:

- ҳамоҳангсозии иҷрои саривақтии вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегия, дар мавриди зарурат барои иҷрои онҳо ҷалб намудани дигар идораҳои давлатӣ ва коршиносони мустақил;

...

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 3 декабря 2011 года, № 601

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 3 декабря 2011 года, № 601

Положение Руководящего совета при Правительстве Республики Таджикистан по контролю за реализацией задач и мероприятий Государственной стратегии развития рынка труда Республики Таджикистан до 2020 года

(в редакции постановления Правительства РТ от 05.11.2014г.№707)

(в редакции постановления Правительства РТ от 05.11.2014г.№707)

1) Руководящий совет при Правительстве Республики Таджикистан по контролю за реализацией задач и мероприятий Государственной стратегии развития рынка труда Республики Таджикистан до 2020 года (далееСовет) образован с целью выполнения требований настоящей Стратегии, утверждённой постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 июня 2011 года, № 277.

2) Совет является консультативным органом, обеспечивающим координацию и контроль реализации задач и мероприятий Государственной стратегии развития рынка труда Республики Таджикистан до 2020 года (далее - Стратегия).

3) Совет осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, других нормативно-правовых актов, настоящей Стратегии и Положению.

4) Основной целью Совета является обеспечение эффективной координации деятельности соответствующих министерств и ведомств по повышению уровня занятости путем активизации трудоспособного населения, совершенствования предпринимательской сферы и создания гибкого защищенного и доступного для всех рынка труда.

5)Задачи Совета:

- координация своевременного выполнения задач и мероприятий Стратегии и при необходимости привлечение для их выполнения другие государственные ведомства и независимых экспертов;

...