Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон аз 3 декабри соли 2011 № 604

Санаи амалкуни: 30.07.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 3 декабри соли 2011 № 604

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 3 декабри соли 2011 № 604

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448, аз 4.10.2019 № 493, аз 30.07.2021 № 309)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448, аз 4.10.2019 № 493, аз 30.07.2021 № 309)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон (минбаъд Қоидаҳо) тартиби бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбонро муқаррар менамояд.

2) Таъмини воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба маъюбон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд - мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) ба таври ройгон ва ба тариқи зайл амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448):

а) дастрас ва пешниҳод намудани воситаҳои техникии тавонбахшии зарурӣ;

б) таъмир ва ё иваз кардани воситаҳои техникии тавонбахшии қаблан ба истифода додашуда;

в) таъмини маъюб ба ҷои зист ва хӯрока дар давраи тайёр намудани воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар шароити стасионарӣ;

г) ҷуброни маблағӣ рафтуомади маъюб ва ҳангоми зарурат роҳбалади он то маҳалли ҷойгиршавии муассисаи протезкунонӣ мувофиқи тарифҳои муайяншуда ва дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

...

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 декабря 2011 года,

№604

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 декабря 2011 года,

№604

Правила обеспечения инвалидов техническими средствами реабилитации

(в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г. № 448, от 04.10.2019г.№493, от 30.07.2021г.№309)

(в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г. № 448, от 04.10.2019г.№493, от 30.07.2021г.№309)

1) Правила обеспечения техническими средствами реабилитации инвалидов (далее по тексту Правила) устанавливают порядок обеспечения инвалидов техническими средствами реабилитации.

2) Обеспечение инвалидов техническими средствами реабилитации осуществляется Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, отделы и секторы социальной защиты населения местных исполнительных органов государственной власти" (далее - органы социальной защиты населения)  бесплатно и в следующем порядке (в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г. № 448):

а) приобретение и предоставление необходимых технических средств реабилитации;

б) ремонт или замена ранее выданных технических средств реабилитации;

в) обеспечение инвалида местом проживания и питанием в период изготовления технических средств реабилитации в стационарных условиях;

г) компенсация расходов за проезд инвалида и при необходимости сопровождающего его лица до места нахождения учреждения по протезированию, осуществляется в соответствии с установленными тарифами и на основании подтверждающих Министерство здравоохранения и социальной защиты  документов (в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г. № 448).

...