Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, № 603 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ" калимаи "меҳнат" ба калимаи "тандурустӣ" иваз карда шавад.
2. Ба Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон ба табобати санаторию курортӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, № 603 тасдиқ шудаанд, тағийру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 2) калимаҳои "мақомоти маҳаллии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти Агентӣ) дар муассисаҳои табобати санаторию курортӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд," ба калимаҳои "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ (минбаъд - мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ)" иваз карда шаванд;
- дар банди 3) калимаҳои "тартиби муқарраргардида" ба калимаҳои "тартибе, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст," иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 4), 5), 6), 10), 12), 16), 17), 18), 19) ва 20) калимаҳои "мақомоти Агентӣ" ба калимаҳои "мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми банди 7) калимаҳои "таъминоти дигар шахсон бошанд" ба калимаҳои "қайди мақомоти шуғли аҳолӣ" иваз карда шаванд;
- дар банди 9) калимаи "ҳар" ба калимаҳои "дар ду" иваз карда шавад;
- бандҳои 14) ва 15) дар таҳрири зерин баён карда шаванд:
"14) Ҳамасола (маъмулан дар семоҳаи чоруми соли ҳисоботӣ) шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси аризаҳои воридшуда ва навбати ҷории эҳтиёҷмандон оид ба талаботи воқеии маъюбонро барои табобати санаторию курортӣ дархост тартиб дода, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии роҳхатҳо ба осоишгоҳҳою истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ пешниҳод менамоянд.
15) Шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола маълумот ё феҳристи таъминшудагонро бо роҳхатҳои санаторию курортӣ тартиб дода, рӯйхати таъминшудагонро бо рӯйхати гирандагони ҷубронпулӣ барои истифода накардани роҳхатҳои табобати санаторию курортӣ муқоиса менамоянд.";
- дар банди 16) калимаҳои "Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" ва "менамояд" мутаносибан ба калимаҳои "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии роҳхатҳо ба осоишгоҳҳою истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ" ва "менамоянд" иваз карда шаванд;
...