Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2011, № 485
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2011, № 485
тасдиқ шудааст
Низомномаи Шӯрои миллии тандурустии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1) Шӯрои миллии тандурустии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Шӯро) мақоми машваратӣ буда, бо мақсади таҳкими фаъолият дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тандурустӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур байни мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ, дарёфти роҳу усулҳои беҳтари татбиқи сиёсат, таҳияи пешниҳодҳо дар самти афзалиятноки соҳа таъсис дода шудааст.
2) Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
3) Шӯро тибқи нақшае, ки Раиси он тасдиқ намудааст, фаъолият мекунад.
2. Самтҳои фаъолияти Шӯро
4) Мақсади асосии Шӯро аз ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маркази ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва тандурустӣ дар самтҳои зерин иборат мебошад:
- татбиқи стратегияҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла натиҷаҳои мониторинг ва арзёбӣ;
...