Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2011 № 457
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2011 № 457
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Муқаддима
Бо мақсади барқарор ва баргардонидани муассисаҳои томактабӣ ва рушди минбаъдаи онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, №395 Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 тасдиқ карда шуд. Амалӣ намудани Барномаи зикргардида имконият дод, ки назорату роҳбарӣ ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва ҳамзамон расонидани ёрии методӣ ба мудирон, мураббияҳои боғчаҳои бачагон ва мутахассисони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо оид ба муассисаҳои мазкур аз тарафи кормандони Вазорати маориф беҳтар гардад. Таҳлили татбиқи Барномаи зикргардида ва вазъи муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Хатлон нишон медиҳад, ки миқдори муассисаҳои томактабӣ 5 адад зиёд гардидааст. Дар доираи иҷрои Барномаи зикргардида сохтмон ва ба истифода додани кӯдакистонҳои нав оғоз гардид. Аз он ҷумла, дар маркази ноҳияи Тавилдара як кӯдакистони замонавӣ сохта шуда фаъолияташро оғоз намуд, ки он бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ" муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Данғараи вилояти Хатлон кӯдакистонҳои нав сохта шуд. Дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Мӯъминобод дар назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ кӯдакистон ташкил карда шудааст, ки айни ҳол кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар тӯли солҳои 2007-2010 дар вилояти Суғд теъдоди муассисаҳои томактабӣ 4 адад зиёд гардидааст. Дар шаҳрҳои Конибодому Истаравшан ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд кӯдакистонҳое, ки солҳои пеш аз фаъолият бозмонда буданд, пас аз таъмири асосӣ аз нав ба фаъолият пардохтанд.
Барномаи зикргардида давра ба давра татбиқ гашта, имконият дод, ки сифати ҷараёни таълиму тарбия, заминаи моддӣ-техникӣ, пояи кадрӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ дар муассисаҳои томактабӣ беҳтар гардад. Новобаста аз он, ки мӯҳлати иҷрои Барномаи зикргардида ба охир расидааст, дар муассисаҳои томактабӣ як қатор мушкилоти ҳалталаб, аз қабили барқарорсозӣ, таъмири асосӣ, нарасидани таҷҳизот (мизу курсӣ, катҳои хоб, ва ғ.) боқӣ мондаанд.
Бинобар ин, ҷиҳати ҳалли мушкилоти боқимонда Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 (минбаъд-Барнома) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" таҳия шуд, ки вазифа ва роҳҳои асосии рушди соҳаи тарбияи томактабиро муайян мекунад.
Зарурати таҳияи Барнома аз он иборат аст, ки бояд сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ҳамчун зинаи нахустини таҳсилоти шаҳрвандон баланд бардошта, ба шароити нави иқтисодию иҷтимоӣ мувофиқ гардонида шавад.
2. Таҳлили вазъи кунунии муассисаҳои томактабӣ
...