Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2011 № 345 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 591"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 591

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда истифода мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 591 тасдиқ шудааст, иловаи зерин ворид карда шавад:

*Таҷҳизоте, ки аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком" дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2010, № 33, Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2010, №3 ва амалигардонии Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, № 76 тасдиқ гардидааст, ворид карда мешавад.

2) Қарори мазкур аз санаи қабул мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 13 июли соли 2011 № 345

ш. Душанбе

аз 13 июли соли 2011 № 345

ш. Душанбе

...

+--------------------------------------------------------------------+
¦ № ¦ КодНМ   ¦                    Руйхат                            ¦
¦р/н¦  ФИХ    ¦                                                      ¦
+---+---------+------------------------------------------------------+
¦50 ¦8525*    ¦Асбоб¦ои васлкунанда барои ало¤а, ало¤аи              ¦
¦   ¦         ¦радиотелеграф¬, радиопа¦нкун¬ ё телевизион¬, ¦амро¦ ё ¦
¦   ¦         ¦бе¦амр ё дохилнашавандаи ба худ ¤абулкунанда,      ¦
¦   ¦         ¦асбоб¦ои овозсабткунанда ё овозхонанда; камера¦ои     ¦
¦   ¦         ¦телевизион¬; видеокамера¦ои сабти кадр¬ ва            ¦
¦   ¦         ¦видеокамера¦ои сабтии +айра; камера¦ои сифр¬          ¦
+---+---------+------------------------------------------------------+
¦51 ¦8529*    ¦ =исм¦ое, ки тан¦о ё асосан барои асбоб¦ои дар        ¦
¦   ¦         ¦ рамзи молии 8525-8528 таъин шудааст                  ¦