Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 № 732 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августа соли 2001 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004, №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190; №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552; №12, қ. 1, мод. 810) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 3 моддаи 16 пас аз калимаҳои "мақомоти прокуратура," калимаҳои "Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон," илова карда шаванд.

2. Матни моддаи 27 қисми 1 ҳисобида шуда, ба модда қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"2. Дар ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар фаъолияти кормандони муассиса ва мақомоти иҷрокукандаи ҷазо аз ҷониби мақомоти болоии идоравӣ, ки андешидани чораҳои қонунӣ оид ба ин масъалаҳо ба ваколати онҳо дохил намешавад, маводи санҷиши хизматӣ барои баррасӣ ва қабули қарори дахлдор ба прокурор пешниҳод карда мешавад.".

3. Ба Кодекс моддаи 27(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 27(1). Санҷиши фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ҳангоми баррасии шикоят ё бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши шикоят бо ташаббуси худ ё ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани амалҳо оид ба вайрон кардани ҳуқуқи инсон метавонад мустақилона ё якҷоя бо шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ санҷиши фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон гузаронад.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо маҳкумшудагон дар танҳоӣ мулоқот карданро дорад.

3. Мукотиба байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳкумшудагон таҳти назорат (сензура) қарор дода намешавад.".

4. Дар қисми 2 моддаи 76 пас аз калимаҳои "фармони сардори изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас" калимаҳои "ва розигии прокурор" илова карда шаванд.

5. Ба қисми 2 моддаи 83 пас аз калимаҳои "эълон карда" калимаҳои ", дастхати онҳо дар ин хусус гирифта" илова карда шаванд.

6. Ба қисми 4 моддаи 88 пас аз калимаҳои "аз болои қарори комиссия" калимаҳои "ба прокурор ва ё суд" илова карда шаванд.

7. Аз қисми 2 моддаи 91 калимаҳои "ва дар ҳолати мустасно, бо иҷозати сардори муассисаи ислоҳӣ, бо дигар ашхос" хориҷ карда шаванд.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС ИСПОЛНЕНИЯ УГОЛОВНЫХ НАКАЗАНИЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Кодекс исполнения уголовных наказаний Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №7, ст. 505; 2003 г., №12, ст.683; 2004 г., №7, ст. 455; 2005 г., №3, ст. 127; 2008 г., №3, ст. 190; №12, ч. 1, ст. 987; 2010 г., №7, ст. 552; №12, ч. 1, ст. 810), следующие изменения и дополнения:

1. Часть 3 статьи 16 после слов "органы прокуратуры," дополнить словами "Уполномоченный по правам человека в Республике Таджикистан,".

2. Текст статьи 27 считать частью 1, и статью дополнить частью 2 следующего содержания:

"2. В случае выявления правонарушений в деятельности сотрудников учреждений и органов исполнения наказания со стороны вышестоящих ведомственных органов, в компетенцию которых не входит принятие законных мер по этим вопросам, материалы служебной проверки для рассмотрения и принятия соответствующих решений направляются прокурору.".

3. Кодекс дополнить статьей 271 следующего содержания:

"Статья 27(1). Проверка деятельности учреждений исполнения наказания по вопросам прав человека при рассмотрении жалоб или по инициативе Уполномоченного по правам человека в Республике Таджикистан

1. Уполномоченный по правам человека в Республике Таджикистан при проверке жалоб по собственной инициативе или при получении информации о массовых и серьезных нарушениях прав и свобод человека и гражданина, или в случаях, когда действия по нарушению прав человека имеют особое общественное значение, может проводить проверку деятельности учреждений исполнения уголовного наказания по вопросам прав человека самостоятельно или совместно с должностными лицами уполномоченных государственных органов.

2. Уполномоченный по правам человека в Республике Таджикистан имеет право проводить свидание с осужденными наедине.

3. Переписка между Уполномоченным по правам человека в Республике Таджикистан и осужденными не подвергается цензуре.".

4. Часть 2 статьи 76 после слов "приказ начальника следственного изолятора или тюрьмы" дополнить словами "с согласия прокурора".

5.Часть 2 статьи 83 после слов "начальника исправительного учреждения" дополнить словами "под расписку".

6. Часть 4 статьи 88 после слов "законом порядке" дополнить словами "прокурору или в суд".

7. В части 2 статьи 91 слова "а в исключительных случаях, с разрешения начальника исправительного учреждения - с иными лицами" исключить.

...