Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 605
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистан "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:
1. Корхонаҳое, ки дар соҳаҳои нафтугаз ва ангишт фаъолият доранд, ҳамчун корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии "Нафтугаз ва ангишт" ҳисобида шаванд (замима мегардад).
2. Дар Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, калимаҳои "Раёсати таҳлили иқтисодӣ ва дурнамо" ба калимаҳои "Раёсати иқтисод ва дурнамо" иваз карда шаванд.
3. Аз Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, калимаҳои "Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Трансформатор" хориҷ карда шаванд.
4. Дар Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- калимаҳои "Муассисаи давлатии илмӣ "Институти илмӣ-тадқиқотии саноат" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии илмӣ "Пажуҳишгоҳи илмӣтадқиқотии саноат" иваз карда шавад;
- калимаҳои "Муассисаи давлатии илмӣ "Шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии энергетикии "ТаджНИОЭ" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии илмӣ "Шӯъбаи илмӣ-тадқикотии энергетикии Тоҷикистон "ТаджНИОЭ", иваз карда шаванд;
5. Ба номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сархатҳои зерин илова карда шаванд:
"Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Ангишт";
"Корхонаи воҳиди "Содирот";
"Корхонаи воҳиди "Легпромконтракт".
...