ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; с. 2017, №5, қ.1, мод. 285, №7- 9, мод. 580)
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 390, аз 21.07.2010 № 636, аз 30.05.2017 № 1428, аз 28.08.2017 № 1461, аз 25.06.2021 № 1792)
Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
2. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад .
3. Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад
4. Ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросими суннатиашон озод мебошанд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
1. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
...