Махзани маълумотҳо
Мутобиқи моддаи 93 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия» (мибаъд-Махзан) низоми электронии мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ мебошад.
Махзан бори аввал соли 2012 таъсис дода шуда, ба он ҳаррӯз ҳуҷҷатҳои нав қабулгардида ворид карда мешаванд.
Идоракунӣ ва паҳнкунии маълумот
Истифодабарии Махзан тибқи иҷозатномаи бозхондшаванда амалӣ карда мешавад.
- Ба Махзан матни пурраи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар қисми 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ шудааст, бояд дохил карда шаванд.
- Ба Махзан дигар санадҳои ҳуқуқӣ (амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва иттилооти ҳуқуқии дигар («Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», маҷаллаи «Ҳаёт ва қонун», паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тафсири санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо) ворид карда мешаванд.
- Махзан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англисӣ дар сурати мавҷуд будан) пеш бурда мешавад.
Классификаторҳо
Барои осонии истифода, бонки маълумот ба классификаторҳо тақсим карда шудааст.
- Муносибатҳои шаҳрвандӣ - ҳуқуқӣ.
- Фаъолияти иқтисодӣ.
- Фаъолияти кишоварзӣ.
- Қонунгузории мурофиавии гражданӣ.
- Ҳуқуқҳо оиди андоз.
- Фаъолияти бокӣ.
- Муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ ва ғайра.
Барои намудҳои гуногуни дастгоҳҳо
Барои осонии истифода, барномаи АДЛИЯ барои дастгоҳҳои гуногун ва платформаҳои гуногун пешбинӣ шудааст.
- - Web платформа – онлайн тариқи сомона;
- - офф-лайн платформа - насби локалӣ дар компютерҳои фардӣ;
- - нармафзори мобилии Android.
Системаи ҷустуҷӯи маълумот
Интерфейси ҷустуҷӯйи низом барои истифодабарандагон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англисӣ дар сурати мавҷуд будан) пешбинӣ карда шудааст. Забони интерфейси барномаро истифодабаранда метавонад интихоб кунад. Веб платформаи Махзан инчунин бо 3 забон пешниҳод мешавад.
Ба Махзан замимаҳои ҳуҷҷат дар формати MS Word (DOC, DOCX), MS Excel (XLS), Adobe PDF ва дигар барномаҳои низоми амалиётии Windows сабт шуда, ҳуҷҷатҳо дар Махзан дар формати HTML омода ва пешниҳод мегарданд.
- - аз рӯйи тасниф;
- - бо истифодаи калидвожа;
- - аз руйи таѓйирот;
- - аз рӯйи нишонаҳои ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ.