ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи танзими маошҳои хизматии кормандони қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 январи соли 1997 маошҳои хизматии кормандони қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи замимаҳои №№ 1-4 тасдиқ ва ҷорӣ карда шавад.
2. Ба роҳбарон, мутахассисон, хизматчиён ва коргарони қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ барои собиқаи кор мутобиқи замимаи № 5 пардохта шавад.
3. Ҳисоби маоши миёна ҷиҳати пардохти рухсатии меҳнатӣ, ёрдампулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ёрдампулӣ ҳангоми аз кор рафтан, ёрдампулӣ барои ҷуброни заррар ба маъюбон ва дар дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат, мутобиқи маошҳои хизматие, ки қарори мазкур муқаррар намудааст, анҷом дода шавад.
4. Бандҳои 1, 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996 № 329 "Дар бораи муқаррар намудани маошҳои хизматии кормандони қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
5. Дар ҳолатҳое, ки маошҳои хизматӣ бо дарназардошти коэффициентҳои иловапулӣ ва имтиёзҳои барои кормандон мутобиқи қарори мазкур ҷоришаванда аз маошҳои хизматии мавҷудаи кормандон камтар бошад барои давраи кори онҳо дар ташкилоти мазкур фарқияти марбутаи музди меҳнат пардохта мешавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 23 январи соли 1997 № 53
ш. Душанбе
*Замимаи дар матни забони русӣ оварда шудааст.