×

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон" оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2021, №551

тасдиқ карда шуд

СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "МАРКАЗИ ТАҚСИМОТИ ЯКЛУХТИ ВИТАМИНҲОИ ТОҶИКИСТОН" ОИД БА СОХТМОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ САБЗАВОТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ВА ТАШКИЛ НАМУДАНИ СЕ МАРКАЗИ ТАҚСИМОТИ ЯКЛУХТ ДАР ШАҲРҲОИ ДУШАНБЕ, БОХТАР ВА НОҲИЯИ СПИТАМЕН

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон" оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен (минбаъд - созишномаи сармоягузории мазкур) бо мазмуни зерин ба имзо расонида шудааст:

1. ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (минбаъд - Ҳукумат) дар шахсияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ); ва

2. ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "МАРКАЗИ ТАҚСИМОТИ ЯКЛУХТИ ВИТАМИНҲОИ ТОҶИКИСТОН" (минбаъд - сармоягузор), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолият менамояд;

 Дар алоҳидагӣ "Тараф" ва дар якҷоягӣ "Тарафҳо" мебошанд.

МУҚАДДИМА

- бо дар назар доштани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ";

- бо инобати ҳавасмандии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди бахши хусусӣ ва пешниҳод намудани имтиёзҳо ба сармоягузор барои ин мақсадҳо;

- бо таваҷҷуҳ ба он, ки сармоягузор бояд дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дорои таҷрибаи пешқадами пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бошад;

- бо дар назар доштани он, ки амалишавии лоиҳаи мазкур барои рушди соҳибкорӣ мусоидат намуда, ба он мутахассисони маҳаллии ботаҷриба ва соҳибтахассус ҷалб хоҳанд гардид;

Ҳукумат ва сармоягузор тасмим гирифтанд, ки созишномаи сармоягузории мазкурро ба имзо расонанд.

МОДДАИ 1 МАФҲУМҲО

Дар созишномаи сармоягузории мазкур мафҳумҳои зерин истифода шудаанд:

- лоиҳа - лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен;

- мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор - ҳамаи дигар вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, хадамот ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар амалишавии лоиҳаи мазкур бевосита алоқа ва масъулият доранд;

- иҷозатҳои лоиҳавӣ - тамоми намуди ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ, иҷозатномаҳо, санадҳо, маъқулкунӣ, тасдиқномаҳо, шаҳодатномаи бақайдгирӣ, сертификатҳо, огоҳиномаҳо, раддияҳо, имтиёзҳо, иҷозат барои даст кашидан аз меъёрҳои мавҷуда, раводид, барасмиятдарорӣ, қитъаи замини ҷудошуда, ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда талаб карда мешаванд;

- қонунгузории татбиқшаванда - ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти маҳаллии идоракунӣ - мақомоти идоракунӣ ва мақомоти дар тобеияти онҳо қарордошта, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- таҷрибаи байналмилалӣ - амалияи пешрафтаи байналмилалӣ, усул, стандартҳо ва расмиёте, ки ба муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкур ва қонунгузории татбиқшаванда мухолифат намекунад;

- тасдиқшавӣ (ратификатсия) - тибқи қонунгузории татбиқшаванда аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани созишномаи сармоягузории мазкур;

- уҳдадориҳои давлат - ҳамаи уҳдадорӣ, вазифа ва кафолатҳои Ҳукумат ё ҳар кадом мақоми давлатии дигар мувофиқи қонунгузории татбиқшаванда ё ягон созишнома, қарордод ва ё ҳуқуқи пешниҳодшуда, ки (i) дар сана ё то санаи созишномаи сармоягузории мазкур баста шуда буданд, дода шудаанд ё ба миён омадаанд ва то ҳамон сана амал мекунанд ва (ii) баъд аз санаи созишномаи сармоягузории мазкур баста шудаанд ё ба миён омада, ба ягон муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкур мухолифат намекунанд;

- ҳолати рафънопазир (форс-мажор) - ҳама гуна ҳодисае, ки аз тарафҳо вобаста набуда, тағйироти заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, буҳрони иқтисодӣ, ҳолати фавқулодда, офатҳои табиӣ, ба монанди заминҷунбӣ, вулқон, обхезӣ, сӯхтор ва тӯфон, ҷанг, ошӯб, инқилоб, муҳорибаҳои ҳарбӣ ва тахдидҳои мустақими ҳуҷумро, ки метавонанд ба амалишавии лоиҳаи мазкур таъсир расонанд, дар бар мегирад;

- корҳо - тамоми чорабиниҳои сармоягузор, ки ба амалишавии лоиҳаи мазкур равона карда шудаанд.

МОДДАИ 2 АМАЛИШАВИИ СОЗИШНОМА

2.1. Тибқи созишномаи сармоягузории мазкур сармоягузор лоиҳаро дар давоми 8 сол амалm менамояд ва Ҳукумат ба сармоягузор барои амалисозии лоиҳаи мазкур дар ин корҳо тибқи қонунгузории татбиқшаванда мусоидат менамояд:

- сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант давоми солҳои 2021-2024;

- ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳри Душанбе давоми солҳои 2021-2023, шаҳри Бохтар 2024-2026 ва ноҳияи Спитамен 2026-2028.

2.2. Сармоягузор барои амалисозии лоиҳаи мазкур дорои захираҳои зарури молиявӣ, технологӣ ва тахассусӣ мебошад.

2.3. Ҳукумат тибқи қонунгузории татбиқшаванда барои амалисозии самарабахши лоиҳаи мазкур имтиёзҳо пешниҳод менамояд.

2.4. Дар давраи амалишавии лоиҳаи мазкур сармоягузор маблағгузории лоиҳаро таъмин менамояд.

МОДДАИ 3 МАБЛАҒГУЗОРИИ ЛОИҲАИ МАЗКУР

3.1. Маблағгузории лоиҳаи мазкур тавассути маблағҳои худии сармоягузор ё бо ҷалби ҳамшарикони он анҷом дода мешавад.

3.2. Барои амалишавии самараноки лоиҳаи мазкур сармоягузор маблағгузории лоиҳаро пурра ва дар ҳаҷми зарурӣ анҷом медиҳад.

3.3 Раванди маблағгузории лоиҳаи мазкур ду марҳиларо дар бар мегирад:

Марҳилаи якум, сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант, ҳаҷми маблағи сармоягузорӣ 2663958 (ду миллиону шашсаду шасту се ҳазору нуҳсаду панҷоҳу ҳашт) доллари ИМА;

Марҳилаи дуюм, ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, ноҳияи Спитамен ҳаҷми сармоягузорӣ 17405698 (ҳабдаҳ миллиону чорсаду панҷ ҳазору шашсаду наваду ҳашт) доллари ИМА.

3.4. Маблағгузории лоиҳаи мазкур инҳоро дар бар гирифта, вале метавонад маҳдуд нагардад:

- маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ;

- маблағгузории гармхонаи инноватсионӣ;

- маблағгузории харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ;

- маблағгузории сохтмони инфрасохтори зарурӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур, аз ҷумла пойгоҳи барқӣ ва обтаъминкунӣ;

- маблағгузории бозомӯзии мутахассисони ватанӣ ҷиҳати истифодаи техника ва технологияҳои муосир дар истеҳсолот.

МОДДАИ 4 ҲУҶҶАТГУЗОРӢ

4.1 Сармоягузор ҳамаи ҳуҷҷатҳоеро, ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда барои амалисозии лоиҳаи мазкур зарур мебошанд, дархост карда мегирад.

4.2. Ҳукумат тавассути мақомоти ваколатдори давлатӣ барои сари вақт гирифтани чунин ҳуҷҷатҳо тибқи қонунгузории татбиқшаванда мусоидат менамояд.

МОДДАИ 5 АСОСНОККУНИИ ТЕХНИКӢ-ИҚТИСОДӢ

5.1. Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи мазкур тибқи қонунгузории татбиқшаванда аз ҷониби сармоягузор бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ё хориҷӣ гузаронида мешавад.

5.2. Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ раванди технологӣ, талаботи истеҳсолӣ, муҳлат, самаранокии иқтисодӣ ва таъсири экологии лоиҳаро дар бар гирифта, тибқи қонунгузории татбиқшаванда ва таҷрибаи байналмилалӣ тартиб дода мешавад.

МОДДАИ 6 ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО

6.1. Тарафҳо мутобиқи созишномаи сармоягузории мазкур ба чунин мувофиқа меоянд, ки бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро тибқи созишномаи сармоягузории мазкур бовиҷдонона иҷро намоянд.

6.2. Сармоягузор бо қонунгузории татбиқшаванда дорои чунин ҳуқуқҳо мебошад:

- ҳифзи давлатии ҳуқуқии сармоягузориҳо;

- кафолатҳо аз қабул гардидани санадҳои вазъи сармоягузорро бадкунанда аз ҷониби Ҳукумат ё дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ;

- табодули фоида ва даромади худӣ ба асъори хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, пас аз пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ;

- таъсиси шахсони ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сармояи хориҷӣ ё маҳаллӣ барои амалишавии мақсадҳои лоиҳаи мазкур;

- озодии интихоби шарикон;

- гирифтан ва додани қарзҳо ва дигар таъминот аз бонкҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ;

- суғуртакунӣ бо шартҳои имтиёзӣ бо суғуртакунандагони маҳаллӣ ва хориҷӣ.

6.3. Сармоягузор тибқи қонунгузории татбиқшаванда барои ин корҳо уҳдадор аст:

- риояи пурраи муқаррароту меъёрҳои қонунгузории татбиқшаванда ва созишномаи сармоягузории мазкур;

- ҷалб намудани мутахассисони соҳибтахассус ва ботаҷриба ба лоиҳаи мазкур бо инобати таносуби шумораи кормандони маҳаллӣ (90 фоиз) ва хориҷӣ (10 фоиз);

- аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос;

- таҳияи лоиҳаи сохтмон ва гузаронидани он аз экспертизаи давлатӣ.

6.4. Ҳукумат тибқи қонунгузории татбиқшаванда ба инҳо ҳуқуқ дорад:

- назорати фаъолияти сармоягузор дар доираи созишномаи сармоягузории мазкур;

- аз сармоягузор талаб намудани иҷрои муқаррароту меъёрҳои қонунгузории татбиқшаванда ва созишномаи сармоягузории мазкур;

- аз сармоягузор дархост намудани ҳисоботи даврӣ дар бораи амалишавии лоиҳа;

- ба сармоягузор пешниҳод намудани тавсияҳо ва таклифҳо барои амалисозии самаранокии лоиҳаи мазкур;

6.5. Ҳукумат тибқи қонунгузории татбиқшаванда барои инҳо уҳдадор аст:

- кафолати сармоягузор оид ба ҳимояи давлатии сармоягузорӣ;

- кафолати интиқоли озоди сармояи сармоягузор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он баъд аз пардохти андоз, ки дар қонунгузории татбиқшаванда нишон дода шудаанд;

- мусоидат дар мубодилаи маблағи сармояи сармоягузор ба дигар асъори хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат намудан ба сармоягузор барои таъсиси шахсони ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сармоягузориҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати амалишавии мақсадҳои лоиҳаи мазкур;

- мусоидат намудан ба сармоягузор барои анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкорӣ, ки ҷиҳати амалишавии мақсадҳои лоиҳаи мазкур зарур мебошанд;

- мусоидат намудан ба сармоягузор барои ҳуҷҷатгузории амалишавии лоиҳаи мазкур;

- мусоидат намудан ба сармоягузор дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҷалби мутахассисони хориҷӣ тибқи низоми соддагардидаи раводидӣ.

МОДДАИ 7 АНДОЗҲО ВА ПАРДОХТҲО

7.1. Созишномаи сармоягузории мазкур пас аз ба имзо расидан аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) мешавад. Ба сармоягузор имтиёзҳои андозию гумрукӣ тибқи қонунгузории татбиқшаванда пешниҳод карда мешавад.

Сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида ба муҳлати 5 сол аз санаи тасдиқи (ратификатсияи) созишномаи мазкур озод мебошад.

7.2. Молҳое, ки сармоягузор бо мақсади амалишавии лоиҳаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид месозад, аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Номгӯй ва миқдори молҳои воридшаванда тибқи Номгӯйи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумат дар давоми 60 (шаст) рӯз аз санаи муроҷиати сармоягузор тасдиқ карда мешавад.

7.3. Тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди имзои созишномаи сармоягузории мазкур қабул гардида, барои амалишавии лоиҳаи сармоягузорӣ мушкилӣ эҷод мекунанд, дар давоми муҳлати амали созишномаи сармоягузории мазкур нисбати сармоягузор татбиқ нахоҳанд шуд.

МОДДАИ 8 КИРОЯИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОН

8.1. Кормандони маҳаллӣ. Барои сохтмони объектҳои лоиҳа ва таъмини фаъолияти корхона сармоягузор хизматрасонии пудратчиён, пудратчиёни ғайриасосӣ ва кормандони соҳибтахассуси дахлдор, баландихтисос ва соҳибтаҷрибаро истифода мебарад. Дар ҳар вақт дар давоми муҳлати созишномаи сармоягузории мазкур на камтар аз 90 фоиз шумораи кормандоне, ки тарҳрезӣ, сохтмон ва амалишавии лоиҳаро анҷом медиҳанд (новобаста аз он, ки чунин кормандон корманди ҳайати сармоягузор мебошанд ё не), бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

8.2. Ҳангоми зарурат сармоягузор барои иҷрои кор дар доираи созишномаи сармоягузории мазкур, аз ҷумла ҷиҳати лоиҳакашӣ, сохтмон ё амалишавии лоиҳаи мазкур ҳуқуқ дорад мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда, мутахассисонро аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ киро кунад.

8.3. Омӯзонидани кормандон. Сармоягузор уҳдадор аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандони маҳаллӣ бо роҳи даъвати мутахассисони хориҷӣ ба истеҳсолот барои гузаронидани курсҳои таълимӣ, равона кардани кормандони маҳаллӣ ба семинару тренингҳо, курсҳои таълимӣ ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам берун аз он корҳоро анҷом диҳад.

8.4. Суғуртакунӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандон. Сармоягузор уҳдадор мешавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба суғуртакунӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони дар доираи лоиҳаи мазкур ҷалбгардидаро, ки дар санаи ба миён омадани уҳдадориҳо амал мекунад, риоя намояд.

МОДДАИ 9 ИНТИҚОЛ, ХАРИДИ АСЪОРИ ХОРИҶӢ ВА ИХТИЁРДОРИИ ОН

Мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда ва ба он дараҷае, ки дар қонунгузории татбиқшаванда иҷозат шудааст (аз ҷумла моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ"), Хукумат розигӣ медиҳад, ки (а) ба сармоягузор иҷозат медиҳад, то бо мақсади (i) воридоти таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулот, мол, сӯзишворӣ ва хизматрасонии заруриро барои босамар анҷом додани лоиҳа ва инчунин эҳтиёҷоти маъмурии сармоягузор, (ii) пардохти қарз бо доллари ИМА аз рӯйи ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва (iii) бо риояи ҳамаи талаботи қонунгузории татбиқшаванда ба таври мунтазам ва доимӣ 7 мубодила ва ба суратҳисобҳои берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кушодашуда ва амалкунандаи сармоягузор интиҳол додани даромад, подош ва сармояи бадастомада пас аз пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, маблағҳои худро марбут ба созишномаи сармоягузории мазкур мубодила ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад ва (b) ба иҷрои амалҳое, ки метавонанд бевосита ё ба таври ғайримустақим ба сармоягузор барои (i) харидани асъори хориҷӣ дар бозори кушод; (ii) интиқоли ҳар гуна асъори хориҷӣ ба хориҷа; ё (iii) пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо риояи талаботи қонунгузории татбиқшаванда халал расонанд ё фаъолияти онро маҳдуд кунанд, роҳ намедиҳад.

МОДДАИ 10 УСТУВОРИИ СОЗИШНОМА

10.1. Муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкур дар давоми муҳлати амали он, сарфи назар аз воридшавии тағйироти минбаъда ба қонунгузории татбиқшаванда, эътибори худро нигоҳ медорад.

10.2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ созишномаи сармоягузории мазкурро ба феҳристи давлатии созишномаҳои сармоягузорӣ ворид намуда, ҳамаи мақомоти давлатии дахлдорро дар бораи эътибор пайдо кардани созишномаи сармоягузории мазкур хабардор месозад.

10.3. Дар робита ба иҷрои созишномаи мазкур, асосноккунии техникӣиқтисодӣ, лоиҳаи сохтмон, сармоягузор қонунгузории татбиқшаванда, созишномаи сармоягузории мазкур ва таҷрибаи байналмилалиро риоя менамояд. Ҳеҷ ягон тағйироти минбаъда дар қонунгузорӣ, ки пас аз имзои созишномаи сармоягузории мазкур ворид шудааст, наметавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сармоягузорро, ки дар созишномаи сармоягузории мазкур зикр карда шудааст, маҳдуд гардонад. Тамоми шартҳои созишномаи сармоягузории мазкур эътибори худро дар давоми муҳлати амали он, новобаста аз тағйироти минбаъда дар қонунгузории татбиқшаванда, нигоҳ медоранд. Тағйири шартҳои созишномаи сармоягузории мазкур танҳо бо розигии мутақобилаи сармоягузор ва Ҳукумат роҳ дода мешавад. Ҳама гуна муқаррароти қонунгузории татбиқшаванда, аз ҷумла тағйироти қонунгузорие, ки ба татбиқи лоиҳаи мазкур монеа мешаванд, ба сармоягузор ва пудратчиён дахл нахоҳанд дошт.

МОДДАИ 11 ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА СОЗИШНОМА

Ҳама гуна тағйирот ба созишномаи сармоягузории мазкур танҳо дар сурати аз ҷониби Тарафҳо ба имзо расонида шудани ҳуҷҷати иловагии дахлдор тибқи қонунгузории татбиқшаванда эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.

МОДДАИ 12 ҚАТЪИ АМАЛИ СОЗИШНОМА

12.1. Амали созишномаи сармоягузории мазкур метавонад бо розигии Тарафҳо дар шакли хаттӣ қатъ карда шавад.

12.2. Амали созишномаи сармоягузории мазкур дар ҳолатҳои зерин метавонад яктарафа қатъ карда шавад:

Бо ташаббуси Ҳукумат:

- агар сармоягузор ба таври дахлдор уҳдадориҳо ва муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкурро иҷро накунад;

- агар сармоягузор лоиҳаро дар муҳлати муқарраршуда амалӣ карда натавонад.

Бо ташаббуси сармоягузор:

- агар мақомоти дахлдори давлатӣ ба амалишавии лоиҳа монеа ва мушкилот эҷод намояд.

12.3. Қатъи амали созишномаи сармоягузории мазкур боиси он мегардад, ки тамоми ҳуқуқҳо, имтиёз ва сабукиҳои пас аз мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузории мазкур бадастовардаи сармоягузор бекор карда шаванд.

МОДДАИ 13 ҲОЛАТҲОИ РАФЪНОПАЗИР (ФОРС-МАЖОР)

13.1. Ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор) ҳодисаҳои идоранашаванда, аз ҷумла офатҳои табиӣ, сӯхторҳо ва ҷангҳо мебошанд.

13.2. Тарафе, ки боздоштани иҷрои уҳдадориҳои худро тибқи созишномаи сармоягузории мазкур бинобар рӯй додани ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор) талаб мекунад, бояд:

- Тарафи дигарро ба таври фаврӣ дар бораи фаро расонидани чунин ҳодиса, ба қадри имкон дар муддати кутоҳтарин ва ба таври хаттӣ хабардор созад;

- тамоми амалҳоеро, ки оқилона ва қонунӣ дониста мешаванд, барои бартарафсозии сабабҳои ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор) анҷом медиҳад;

- баъд аз бартарафсозӣ ё қатъи ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор) ба таври фаврӣ Тарафи дигарро хабардор месозад ва тамоми тадбирҳои имконпазирро барои барқарорсозии иҷрои уҳдадориҳои худ тибқи созишномаи сармоягузории мазкур меандешад.

13.3. Ҳолати рафънопазир (форс-мажор) барои талаби ҷуброни зарар асос шуда наметавонад.

МОДДАИ 14 ҚОНУНГУЗОРИИ ТАТБИҚШАВАНДА ВА ҲАЛЛИ БАҲСҲО

14.1. Созишномаи сармоягузории мазкур тибқи қонунгузории татбиқшаванда тафсир карда мешавад.

14.2. Тарафҳо бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки баҳсҳо бо роҳи машварат ва гуфтушунид ба танзим дароварда шаванд.

14.3. Агар баҳсҳо бо роҳи машварат ва гуфтушунид ҳаллу фасл нагарданд, пас аз ҷониби мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.

МОДДАИ 15 ТАҚСИМПАЗИРӢ

Ҳамаи муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкур алоҳида буда, амали ҷудогона доранд ва агар яке аз онҳо ғайриқонунӣ, беэътибор ё бо муҷозоти ҳуқуқӣ таъминнабуда дониста шавад, ин ба эътибор доштан, қонунӣ будан ё бо муҷозоти ҳуқуқӣ таъмин будани ҳар муқаррароти дигари созишномаи сармоягузории мазкур ё қисми он дахл надорад.

МОДДАИ 16 ГУЗАШТ КАРДАН

Созишномаи сармоягузории мазкур наметавонад ба Тарафи сеюм гузашт карда шавад.

МОДДАИ 17 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

17.1. Созишномаи сармоягузории мазкур аз рӯзи тасдиқ (ратификатсия) гардидани он аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.

17.2. Муҳлати амали созишномаи сармоягузории мазкур аз рӯзи тасдиқ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 солро дар бар мегирад.

17.3. Созишномаи сармоягузории мазкур дар шаҳри Душанбе 28 сентябри соли 2021 дар 2 (ду) нусхаи асл бо забони давлатӣ ба имзо расонида шуд.

 

АЗ НОМИ ҲУКУМАТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

__________________________

Раиси Кумитаи давлатии

сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қодирзода С.С

АЗ НОМИ САРМОЯГУЗОР

 

__________________________

Муассисаи ҶДММ

"Маркази тақсимоти яклухти

"Витаминҳои Тоҷикистон"

 

Давлатов С.Р.

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ратификации Инвестиционного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Обществом с ограниченной ответственностью "Оптовый распределительный центр витаминов Таджикистана" о строительстве инновационной теплицы для овощеводства в городе Левакант и создании трех оптовых распределительных центров в городах Душанбе, Бохтар и Спитаменском районе

В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Ратифицировать Инвестиционное соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Обществом с ограниченной ответственностью "Оптовый распределительный центр витаминов Таджикистана" о строительстве инновационной теплицы для овощеводства в городе Левакант и создании трех оптовых распределительных центров в городах Душанбе, Бохтар и Спитаменском районе, подписанное 28 сентября 2021 года в городе Душанбе.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Общество с ограниченной ответственностью "Оптовый распределительный центр витаминов Таджикистана" о вступлении в силу настоящего Соглашения.

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М. Зокирзода

г. Душанбе,

от 3 ноября 2021 года, №551

*приводится на тадж.языке