Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2021, №551 "Дар хусуси тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон" оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон" оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен

Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон" оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен, ки 28 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон"-ро дар бораи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур огоҳ намояд.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. Зокирзода

ш. Душанбе,

аз 3 ноябри соли 2021, № 551

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ратификации Инвестиционного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Обществом с ограниченной ответственностью "Оптовый распределительный центр витаминов Таджикистана" о строительстве инновационной теплицы для овощеводства в городе Левакант и создании трех оптовых распределительных центров в городах Душанбе, Бохтар и Спитаменском районе

В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Ратифицировать Инвестиционное соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Обществом с ограниченной ответственностью "Оптовый распределительный центр витаминов Таджикистана" о строительстве инновационной теплицы для овощеводства в городе Левакант и создании трех оптовых распределительных центров в городах Душанбе, Бохтар и Спитаменском районе, подписанное 28 сентября 2021 года в городе Душанбе.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Общество с ограниченной ответственностью "Оптовый распределительный центр витаминов Таджикистана" о вступлении в силу настоящего Соглашения.

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М. Зокирзода

г. Душанбе,

от 3 ноября 2021 года, №551

*приводится на тадж.языке