Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2007 № 195 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №5, мод.348; соли 2005, №3, мод.120) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои "баҳри амалигардонии ин намуди фаъолият ва таъмини" ба калимаҳои "барои таъмини" иваз карда шаванд.

2. Дар номи моддаи 5 калимаҳои "дар мавриди" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 6:

- ба қисми 1 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"-мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд.";

- дар матни модда калимаҳои "дорад", "диҳад", "дарорад", "боздорад", "созад", "кунад" ва "барорад" дар шакли ҷамъ ифода гардида, мутобиқан ба калимаҳои "доранд", "диҳанд", "дароранд", "боздоранд", "созанд", "кунанд" ва "бароранд" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 7:

- қисми 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"3. Амали иҷозатнома дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.";

-қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"4. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад.

5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ метавонанд бо шарт ва тартиби барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида иҷозатнома гиранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад.".

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О лицензировании отдельных видов деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст. 348; 2005г., № 3, ст.120) следующие изменения и дополнения:

1. В преамбуле Закона заменить слова "необходимых для осуществления данных видов деятельности, обеспечение" на слова "для обеспечения".

2. В статье 6:

- часть 1 дополнить абзацем третьим следующего содержания:

"- продления срока действия лицензий;".

3. В статье 7:

- часть 3 изложить в следующей редакции:

"3. Действие лицензии распространяется на всю территорию Республики Таджикистан.";

- дополнить частями 4 и 5 следующего содержания:

"4. В случаях, прямо предусмотренных законодательством Республики Таджикистан, действие лицензии может распространяться только на определенной территории Республики Таджикистан.

5. Иностранные физические и юридические лица могут получать лицензии на таких же условиях и в таком же порядке, как и физические и юридические лица Республики Таджикистан, если иное не предусмотрено законодательством Республики Таджикистан. Иностранное юридическое лицо - претендент на лицензию должен иметь в Республике Таджикистан свой филиал или представительство.".

4. Статью 8 изложить в следующей редакции:

" Статья 8 Срок действия лицензии

...