Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 № 192 "Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 02.01.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 340; с 2013, №11, мод. 783)

(Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1026, аз 2.01.2018 № 1495)

(Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1026, аз 2.01.2018 № 1495)

Қонуни мазкур рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии онҳоро танзим мекунад.

Моддаи 1. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мансаб дорандаи ордени "Ситораи Президенти Тоҷикистон" дараҷаи I мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1026).

Моддаи 2. Тасвири Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои хоси росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.

Даври Ливо ба андозаи 50 мм, бо ресмони зарҳалин дастдӯзӣ шуда, бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.

Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1:2 аст.

Дар Маркази Ливо тасвири "Дирафши Ковиён" инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О символах Президента Республики Таджикистан

(в редакции Закона РТ от 12.11.2013г.№ 1026, от 02.01.2018г.№1495)

(в редакции Закона РТ от 12.11.2013г.№ 1026, от 02.01.2018г.№1495)

Настоящий Закон определяет символы Президента Республики Таджикистан и регулирует правовой статус, описание и порядок их официального использования.

Статья 1. Символы Президента Республики Таджикистан

Символы Президента Республики Таджикистан состоят из Штандарта и Знака Президента Республики Таджикистан.

Штандарт и Знак являются официальными символами президентской власти в Республике Таджикистан.

Президент Республики    Таджикистан    по    должности   является обладателем  ордена  "Ситораи  Президенти  Точикистон"  I  степени  (в редакции Закона РТ от 12.11.2013г.№ 1026).

Статья 2. Описание Штандарта Президента Республики Таджикистан

Штандарт Президента Республики Таджикистан - прямоугольное полотнище, которое состоит из трёх горизонтально расположенных цветных полос: верхняя полоса красного цвета, равная ей по ширине нижняя полоса зеленого цвета; средняя белая полоса, составляющая полторы ширины одной из цветных полос.

Окаймление Штандарта равно 50 мм, расшито золотыми нитями ручной работы и украшено бахромой. Соотношение ширины к длине Штандарта равно 1:2.

В центре Штандарта изображен "Дирафши Ковиён", который является символом долговечности и преемственности национальной государственности.

В верхней части "Дирафши Ковиён" изображено копье, символизирующее волю и силу власти для защиты Отечества.

Четырехсторонняя часть "Дирафши Ковиён" - четыре части света, символизирующие добрососедство, дружбу и сотрудничество со странами и народами мира.

...