Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2003

Санаи амалкуни: 22.06.2003

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ(САРҚОНУН)ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз 22 июни соли 2003


1.Дар дебоча калимаҳои «Мо, халқи Тоҷикистон» ва калимаҳои «ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» бо ҳарфҳои калон навишта шаванд.

2.Дар моддаи 5: 

қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд»; 

қисмҳои якум ва дуюм мутаносибан қисмҳои дуюм ва сеюм ҳисобида шаванд.

3.Дар моддаи 6: 

қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст»; 

қисмҳои дуюм ва сеюм мутаносибан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шуда, дар қисми чорум баъд аз калимаҳои «иттиҳодияи ҷамъиятӣ» калимаҳои «ҳизбҳои сиёсӣ» илова карда шуда, калимаи «тасарруф» ба калимаи «ғасб» иваз карда шавад; 

қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шуда дар таҳрири зерин баён карда шавад:

«Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст»;

қисми панҷум қисми шашум ҳисобида шуда, дар он калимаҳои «ва Маҷлиси Олӣ» ба калимаҳои «, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ» иваз карда шаванд.

...

Изменения и дополнения в Конституцию Республики Таджикистан, принятые на референдуме

1. В преамбуле текста на таджикском языке слова "Мо, халқи Тоҷикистон" и слова "ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем", а в тексте на русском языке слова "Мы, народ Таджикистана" написать заглавными буквами.

2. Статью 5:

дополнить частью первой следующего содержания:

"Человек, его права и свободы являются высшей ценностью";

части первую и вторую считать соответственно частями второй и третьей.

3. Статью 6:

дополнить частью второй следующего содержания:

"Высшим непосредственным выражением власти народа являются общенародный референдум и выборы";

части вторую и третью соответственно считать частями третьей и четвертой, часть четвертую после слов "общественная организация" дополнить словами "политическая партия",

слова "присвоить" заменить словом "узурпировать";

часть четвертую считать частью пятой и изложить в следующей редакции:

"Узурпация власти или посягательство на её полномочия запрещаются";

часть пятую считать частью шестой, заменив в ней слова "и Маджлиси Оли" на слова "Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан на их совместном заседании".

4.В статье 8:

...