ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ШӯРОИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми коллегиалӣ буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳокимияти судӣ таъмин менамояд.
Шӯрои адлияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад ва ҳайати онро муайян мекунад.
Моддаи 2. Қонунҳо оид ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои адлия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, ҳамин Қонун, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳбарӣ мегирад.
Моддаи 3. Сохтори Шӯрои адлияи Ҷумҳури Тоҷикистон
Ба сохтори Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо шомиланд:
Ҳайати Шӯрои адлия;
Дастгоҳи Шӯрои адлия;
Комиссияи имтиҳону тахассусӣ;
Институти такмили ихтисоси судяҳо.
Моддаи 4. Вазифа ва ваколатҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
...