ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи Бонкии миллии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 410; с. 2001, № 4 мод. 173) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1. Дар моддаҳои 1, 2, 8, 23, 24, 70, 71, 74 калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 4:
- дар банди 1 калимаҳои "такмил дода" ба калимаҳои "таҳия намуда" иваз карда шаванд;
- банди 5 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"5) барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки мақомоти охирини қарздиҳанда мебошад;".
3. Қисми сеюми моддаи 5 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Санадҳои меъёрию ҳуқуқии умумиҳатмии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории ҷори эътибор пайдо мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯзи қабул шуданашон эътибор пайдо мекунанд, ба истиснои холатҳое, ки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд Раёсат) мӯҳлати дигареро муқаррар накарда бошад. Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон қувваи бозгашт надоранд".
4. Дар қисми якуми моддаи 8 калимаҳои "800 млн. рублро" ба калимаҳои "20,0 млн. сомониро" иваз карда шаванд.
5. Моддаи 10 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 10. Фоида ва фонди Бонки миллии Тоҷикистон
Фоидаи тавозунии воқеан бадастдаровардаи Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои сол мутобиқи дастури сохтори ҳисобдори барои Бонки миллии Тоҷикистон муайян гардида, ба тартиби зерин тақсим карда мешавад:
сармояи оинномави - 10 фоиз
...