Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, № 42 "Оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1 Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961 тасдиқ карда шудааст, (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1961 №24, моддаи 126) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 10. Ҳайати суд ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноӣ.

Парвандаҳои ҷиноӣ дар суди зинаи аввал ба таври дастаҷамъӣ ё танҳо баррасӣ мегарданд.

Дар баррасии парванда ба таври дастаҷамъӣ судя ва ду машваратчии халқӣ иштирок мекунанд.

Парвандаҳои ҷиноӣ оиди ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда, инчунин ҷиноятҳои начандон вазнин, ҷиноятҳои дараҷаи миёна ба таври танҳо баррасӣ мегарданд.

Парвандаҳои ҷиноӣ оиди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба таври дастаҷамъӣ баррасӣ мегарданд.

Баррасии парвандаҳо дар коллегияҳои судии судҳои дахлдор ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ дар ҳайати се нафар судя сурат мегирад.

Раёсати судҳо парвандаҳоро дар сурати ҳузур доштани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзоёни Раёсат баррасӣ менамояд".

2. Қисми панҷуми моддаи 329 хориҷ карда шавад.

3. Дар моддаи 330:

банди 4 қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"4) аз болои судҳои ҳарбии гарнизонҳо - ба коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Уголовно-процессуальный Кодекс Республики Таджикистан

Статья 1.

Внести в Уголовно-процессуальный кодекс Республики Таджикистан, утвержденный Законом Республики Таджикистан от 17 августа 1961 года (Ведомости Верховного Совета Таджикской ССР, 1961 года, №24, ст. 126) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 10 изложить в следующие редакции:

"Статья 10. Состав суда при рассмотрении уголовных дел.

Уголовные дела в суде первой инстанции рассматриваются коллегиально или единолично.

При коллегиальном рассмотрении дела участвуют судья и два народных заседателя.

Уголовные дела о преступлениях небольшой, средней тяжести, а также совершенные по неосторожности рассматривается единолично.

Уголовные дела о преступлениях относящихся к тяжким и особо тяжким преступлениям рассматриваются коллегиально.

Рассмотрение дела в судебных коллегиях соответствующих судов в кассационных и надзорном порядке производится в составе трех судей.

Президиум судов рассматривает дела при наличии двух третей членов Президиума"

2. Исключить часть пятую статьи 329.

3. В статье 330:

Пункт четвертый части первой изложить в следующей редакции:

...