Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 № 693 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ. 2, мод. 704; с.2006, №3, мод. 159; с.2007, №7, мод. 681; с.2008, №6, мод. 459; №10, мод. 818), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар банди 5 моддаи 467 ва қисми 1 моддаи 479 калимаҳои "оперативию ҷустуҷӯӣ" ба калимаҳои "оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми 1 моддаи 507:

- дар банди якум калимаҳои "тадбири оперативию ҷустуҷӯие" ва "анҷомдиҳандаи амалиёти оперативию ҷустуҷӯии" мувофиқан ба калимаҳои "чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯие" ва "амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии" иваз карда шаванд;

- дар банди сеюм калимаҳои "анҷомдиҳандаи амалиёти оперативию ҷустуҷӯӣ" ба калимаҳои "амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

25 марти соли 2011 № 693

ш.Душанбе

25 марти соли 2011 № 693

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

...

*** Текст Закона на тадж.языке

...