ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СИФАТ ВА БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӯРОКВОРӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод.317; с. 2006, №3, мод.166; с. 2007, №7, мод. 667) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати шашуми қисми дуюми моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"тамғаеро, ки маълумотҳои мутобиқи Қонуни мазкур, регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ ё дигар санадҳои меъёрии техникӣ пешбинишударо надошта бошанд ё ин гуна маълумот дар борхати онҳо мавҷуд набошад".
2. Дар қисми дуюми моддаи 6 калимаҳои "Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорат дар соҳаи стандартизатсия, сертификатсия, метрология, савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ ва назорати карантини растанӣ" ба калимаҳои "Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия, нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ ва назорати карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 9:
- дар қисми якум баъд аз калимаҳои "дар асоси" калимаҳои "регламентҳои техникӣ ва" илова карда шаванд;
- қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ, қоида ва меъёрҳои санитарию байторӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ ва байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколати онҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд .".
- дар қисми панҷум баъд аз калимаи "тибқи" калимаҳои "регламентҳои техникӣ," илова карда шаванд.
4. Дар қисми панҷуми моддаи 12 калимаҳои "мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрология" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон." иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 13:
- дар қисми якум калимаҳои "маркази ҷумҳуриявии" ба калимаи "хадамоти" иваз карда, баъд аз калимаи "мақомоти" калимаи "ваколатдори" илова карда шавад;
- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
...