Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 № 694 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с.1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с.2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с.2008, №1, қ.1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод.986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550), тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 7 моддаи 49 пас аз рақами "323" аломат, рақам ва калимаҳои ", 340 қисмҳои 1 ва 2" илова карда шаванд.

2. Моддаи 338 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 338. Худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он

1) Худсарона ишғол намудани қитъаи замин, агар дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳукуқвайронкунӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Ҷиноятҳои дар моддаҳои 338 ва 338(1) Кодекси мазкур пешбинигардида дар ҳамон вақт такроран содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар шахс қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои дар ҳамин моддаҳо пешбинигардидаро содир намуда бошад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №9, ст. 68; ст. 69; №22, ст. 306; 1999 г., №12, ст. 316; 2001 г., №4, ст. 149; ст. 167; 2002 г., №11, ст. 675; ст. 750; 2003 г., №8, ст. 456; ст. 468; 2004г., №5, ст. 346; №7, ст. 452; ст. 453; 2005 г., №3, ст. 126; №7, ст. 399; №12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №1, ч. 1, ст. 3; №6, ст. 444; ст. 447; №10, ст. 803; №12, ч. 1, ст. 986; №12, ч. 2, ст. 992; 2009 г., №3, ст. 80; №7-8, ст. 501: 2010 г., №3, ст .155; №7, ст. 550), следующие изменения и дополнения:

1. Часть 7 статьи 49 после цифры "323" дополнить знаком, цифрами и словами ", 340 части 1 и 2".

2. Статью 338 изложить в следующей редакции:

"Статья 338. Самовольное занятие земельного участка и самовольное строительство на нем

1) Самовольное занятие земельного участка, совершенное в течение года после применения административного взыскания за такое же нарушение,

наказывается штрафом в размере от двухсот пятидесяти до трехсот шестидесяти пяти показателей для расчётов или лишением свободы на срок до двух лет.

2) Самовольное строительство на самовольно занятом земельном участке, независимо от применения административного взыскания,

наказывается штрафом в размере от трехсот шестидесяти пяти до девятисот двенадцати показателей для расчётов или лишением свободы на срок от двух до пяти лет.

3) Деяния, предусмотренные частями первой или второй настоящей статьи, совершенные:

а) повторно;

б) группой лиц по предварительному сговору,

наказываются штрафом в размере от девятисот двенадцати до одной тысячи четырехсот шестидесяти показателей для расчётов или лишением свободы на срок от пяти до восьми лет.".

Примечание: Преступления, предусмотренные статьями 338 и 3381 настоящего Кодекса, признаются совершенными повторно, в том случае, если лицо ранее совершило одно или несколько преступлений, предусмотренных вышеназванными статьями.

...