ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 "Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, №9, мод. 234) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- муқаррар намудани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд;";
- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- муқаррар намудани шахсияти ҷасадҳои номаълум.".
2. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
3. Дар моддаи 6:
- сархати якуми қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд, айбдор ва маҳкум карда шудаанд, инчунин шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ садди роҳи муайян кардани шахсият мегарданд;";
- сархати чоруми қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
...