ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи байторӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 854, аз 14.11.2016 № 1364, аз 08.06.2022 № 1881)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ, иқтисодию молиявии фаъолиятро дар соҳаи байторӣ муайян намуда, ба таъмини офияти беҳдошти байторӣ ва эпизоотӣ, ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон, бехатарии маҳсулоти ҳайвонот ва растаниҳо, маводи байторӣ, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот равона шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ангезандаҳои бемориҳои ҳайвонот - вирусҳо, бактерияҳо, риккетсияҳо, хламидияҳо, микоплазмаҳо, прионҳо, соддатаринҳо, мағоракҳо, кирмҳо, канаҳо ва ҳашаротҳо ;
- аттестатсияи байторӣ (беҳдошти байторӣ) - фаъолиятест, ки мутобиқати шароити истеҳсолӣ, нигоҳдорӣ, воридот, содироти объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаро ба талаботи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд ;
- бехатарии биологӣ - низоми тадбирҳо ва воситаҳои байторию биологӣ, ташкилӣ ва муҳандисию техникӣ, ки барои ҳифзи объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ, пешбинигардида, ҳайати кормандону пажӯҳишгарон, аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири ангезаҳои иллатзои биологӣ равона гардидаанд, инчунин гузаронидани чорабиниҳо оид ба паст кардани хатари ангезаҳои биологӣ ё заҳрҳои онҳо ба сифати силоҳи биологӣ ;
- таҳдид - эҳтимолияти риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ ;
- идоракунии таҳдид - тарзу усулҳои амалисозии чорабиниҳои пешгирикунанда, ки барои муайян намудани услубҳои назорати огоҳкунии таҳдид имкон медиҳанд ;
- арзёбии таҳдид - мунтазам муайян намудани афзалиятҳои идоракунии таҳдид тавассути арзёбӣ ва муқоисаи дараҷаи он бо стандартҳои қаблан дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ муқарраршуда;
- огоҳкунӣ аз таҳдид - мубодилаи саривақтӣ ва мунтазами иттилооти объективӣ ва хулосаҳо оид ба хатар ва таҳдид, натиҷаҳои арзёбии таҳдидҳо, қарорҳои қабулгардида дар рафти идоракунии таҳдид байни баҳогузорони таҳдид ва шахсоне, ки барои идоракунии таҳдид ва истеъмолкунандагон масъул мебошанд ;
...