Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2010 № 617 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, 69; №22, мод.306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод.149, 167; с. 2002, №11, мод.675, 750; с. 2003, №8, мод.456, 468; с. 2004, №5, мод.346, №7, мод.452, 453; с. 2005, №3, мод.126, №7, мод.399, №12, мод.640; с. 2007, №7, мод.665; с. 2008, №4, қ. 1, мод.З; №6, мод.444, 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод.986, №12, қ. 2, мод.992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 49:

- дар қисми 2 калимаҳои "то ду ҳазор" ба калимаҳои "то ду ҳазору яксаду навад" иваз карда шаванд;

- ба қисми 2 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Андозаи ҷарима аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ё маҷмӯи ҳукмҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар вақти содир кардани ҷиноят амал мекард, зиёд буда наметавонад.";

- ба модда қисмҳои 6, 7, 8, 9 ва 10 дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"6) Дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245 (ба истиснои банди "а" қисми 4), 246 (ба истиснои банди "а" қисми 3), 247 (ба истиснои банди "в" қисми 3 ва банди "а" қисми

4), 251, 253, 255 (ба истиснои бандҳои "а" ва "б" қисми 2), 256 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошад), 257 (ба истиснои банди "г" қисми 2 ва банди "б" қисми 3), 258, 259, 259(1), 260, 263, 264, 265, 266, 268, 270, 271, 273 (ба истиснои бандҳои "а" ва "б" қисми 3), 274, 276, 277, 278, 285, 286, 287, 289 қисми 1, 291, 292, 293, 295, 340(1) ва 388 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад.

7) Дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 314 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 315, 316 (ба истиснои бандҳои "а" ва "б" қисми 3 ва ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 318, 322 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 323 ва 391 қисми 1 ҳамин Кодекс пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо ҷиноятҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи мазкур содир шуда бошанд, ҷазо бо тартиби муайяннамудаи қисми 6 ҳамин модда таъин карда мешавад.

8) Дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд пурра талофӣ намудани зарари моддӣ аз тарафи маҳкумшуда барои содир намудани ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи мазкур ҷазои таъингардидаи маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ё суди болоӣ ба ҷазои ҷарима иваз карда мешавад.

9) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима, ки бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 6, 7 ва (ё) 8 моддаи мазкур ба сифати ҷазои асосӣ таъин ё иваз карда шудааст, суд ҷазои ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз менамояд. Ҳангоми иваз намудани ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима, мӯҳлат ва андозаи ин намуди ҷазоҳо набояд аз ҳадди поёнӣ ва болоии муқаррарнамудаи моддаҳои дахлдори қисми махсуси ҳамин Кодекс бо назардошти қисми адокардаи ҷазо кам ва ё зиёд бошанд.

10) Дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ва ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст.".

2. Дар моддаи 58:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., № 9, ст. 68, 69; № 22, ст. 306; 1999 г., № 12, ст. 316; 2001 г., № 4, ст. 149, 167; 2002 г., № 11, ст. 675, 750; 2003 г., №8, ст.456, 468; 2004 г., №5, ст. 346; №7, ст. 452, 453; 2005 г., № 3, ст. 126; №7, ст. 399; № 12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №4, ч.1, ст. 3; № 6, ст. 444, 447; №10, ст. 803; №12, ч.1, ст. 986; №12, ч.2, ст. 992; 2009 г., №3, ст. 80; №7-8, ст.501; 2010 г., № 3, ст.155), следующие изменения и дополнения:

1. В статье 49:

- в части 2 слова "до двух тысяч" заменить словами "до двух тысяч ста девяноста";

- часть 2 дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- размер штрафа за совокупность преступлений и приговоров за совершение преступлений, предусмотренных частями 6 и (или) 7 статьи 49 настоящего Кодекса не должен превышать пяти тысяч показателей для расчетов, действовавших в момент совершения преступления;"

- статью дополнить частями 6, 7, 8, 9 и 10 следующего содержания:

"6) В случае совершения лицом преступлений, предусмотренных статьями 245 (за исключением пункта "а" части 4), 246 (за исключением пункта "а" части 3), 247 (за исключением пункта "в" части 3 и пункта "а" части 4), 251, 253, 255 (за исключением пунктов "а" и "б" части

2), 256 (за исключением случаев, повлекших за собой смерть или причинения тяжкого вреда здоровью человека), 257 (за исключением пункта "г" части 2 и пункта "б" части 3), 258, 259, 259*, 260, 263, 264, 265, 266, 268, 270, 271, 273 (за исключением пунктов "а" и "б" части 3), 274, 276, 277, 278, 285, 286, 287, 289 части 1, 291, 292, 293, 295, 3401 и 388 частями 1 и 2 настоящего Кодекса, если виновный до вынесения судебного приговора полностью возместит материальный ущерб, ему назначается наказание в виде штрафа или другое наказание, не связанное с лишением свободы, предусмотренное в санкциях перечисленных статей.

7) В случае совершения лицом преступлений, предусмотренных статьями 314 (за исключением случаев, повлекших за собой смерть или причинения тяжкого вреда здоровью человека), 315, 316 (за исключением пунктов "а" и "б" части 3 и случаев, повлекших за собой смерть или причинения тяжкого вреда здоровью человека), 318, 322 (за исключением случаев, повлекших за собой смерть или причинения тяжкого вреда здоровью человека), 323 и 391 части 1 настоящего Кодекса, если они связаны с совершением преступлений, предусмотренных частью 6 настоящей статьи, наказание назначается в порядке, установленном частью 6 настоящей статьи.

8) В случае полного возмещения осужденным материального ущерба после вынесения судебного приговора за совершение преступлений, предусмотренных частями 6 и (или) 7 настоящей статьи, назначенное наказание в виде лишения свободы, заменяется судом, вынесшим приговор, или судом по месту исполнения наказания или вышестоящим судом на наказание в виде штрафа.

9) В случае злостного уклонения от уплаты штрафа или невозможности уплатить штраф, наложенный в виде основного наказания или измененный на этот вид наказания в порядке, предусмотренном частями 6,7 и (или) 8 настоящей статьи, суд заменяет наказание в виде штрафа (или его неоплаченную часть) на наказание в виде лишения свободы. В случае замены наказания в виде штрафа на наказание в виде лишения свободы или наказание в виде лишения свободы на наказание в виде штрафа, сроки и размер данных видов наказания не должны быть выше или ниже максимального или минимального пределов, установленных соответствующими статьями особенной части настоящего Кодекса с учетом выполненной части отбытого наказания.

10) В случае замены наказания в виде лишения свободы на наказание в виде штрафа или замены наказания в виде штрафа на наказание в виде лишения свободы, одни сутки лишения свободы равны 50 процентам одного показателя для расчетов.".

2. В статье 58:

...