ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 146; с. 1999, №11, мод. 278; с. 2003, №8, мод. 453; с. 2005, №12, мод. 642; с. 2006, №3, мод. 147, №7, мод. 339; с. 2007, №5, мод. 361; с. 2009, №7-8, мод. 491) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун қисмҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ ва сархатҳо бо дефис (-) ишора карда, калимаҳои "ин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ - намуди фаъолиятест, ки ба таври ошкоро ё махфӣ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби мақомоти давлатии бо Қонуни мазкур ваколатдоршуда, бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, моликият, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷинояткорона амалӣ карда мешавад;";
- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- ҷамъоварии маълумот - гирифтани маълумоти барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зарур тавассути фиристонидани дархост ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки чунин маълумотро дорад ё метавонад дошта бошад, ҳамчунин дастрас намудани он бо роҳи шиносшавии бевосита бо сарчашмаҳои моддии дахлдор, аз ҷумла манбаи маълумоти оперативӣ, криминалистӣ ва манбаи дигари маълумот (ҳисобот), низоми иттилоотӣ ва дигар сарчашмаҳо;".
3. Ба моддаи 2 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- дарёфт ва ошкор намудани моликияти аз тарафи суд мусодирашаванда.".
4. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
5. Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
...