Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 544 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи фарҳанг" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №23-24, мод. 352; с. 2001, №4, мод. 143; с. 2003, №12, мод. 691; с. 2008, №10, мод. 819) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро дар фаъолияти фарҳангӣ таъмин ва ҳимоя намуда, муносибатҳои ҳуқуқии субъектҳои фаъолияти фарҳангиро ба танзим медарорад ва сиёсати давлатро дар соҳаи фарҳанг муайян мекунад.".

2. Дар моддаи 2:

- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур";

- дар сархати 10 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаи "байналмиллалӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.

3. Матни моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фарҳанг ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".

4. Дар моддаи 5:

- аз сархати сеюм калимаи "натоиҷи" хориҷ карда шавад;

- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О культуре"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 13 декабря 1997 года "О культуре" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., №23-24, ст. 352; 2001 г., №4, ст. 143; 2003 г., №12, ст. 691; 2008 г., №10, ст. 819) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 1 изложить в следующей редакции:

"Статья 1. Цель настоящего Закон

Настоящий Закон обеспечивает и защищает конституционные права граждан на культурную деятельность, регулирует правовые отношения субъектов культурной деятельности и определяет государственную политику в области культуры.".

2. Название статьи 2 изложить в следующей редакции:

"Статья 2. Сфера действия настоящего Закона".

3. Текст статьи 3 изложить в следующей редакции: "Законодательство Республики Таджикистан о культуре основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

4. Текст статьи 10 изложить в следующей редакции:

"Вывоз из республики и ввоз в нее национальных ценностей осуществляются в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О вывозе и ввозе культурных ценностей.".

5. В части пятой статьи 22 слово "государственными" заменить словом "уполномоченными".

6. В статье 27:

- в части третьей и по всему тексту Закона слова "Органы государственной власти и управления" заменить словами "Органы государственной власти";

- в части шестой слова "органы государственной власти на местах" заменить словами "местные органы государственной власти".

...