Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 536 "Оид ба ворид намудани иловаҳо бА Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №4, мод. 57; с. 2001, №4, мод. 152; с. 2003, №4, мод. 143; соли 2004, №12, қ. 1, мод. 695; с. 2005, №3, мод. 115, №12, мод. 645; с. 2006, №7, мод. 338; с. 2007, №5, мод. 360) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 10 банди 8) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"8) Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.".

2. Моддаи 12(2) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 12(2). Ҳуқуқи гирифтани яроқ аз ҷониби Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои ба он вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории сарватҳои фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқи дар асоси рухсатнома гирифтани яроқро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 5 августи соли 2009 № 536

ш.Душанбе

 5 августи соли 2009 № 536

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оружии"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 февраля 1996 года "Об оружии" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №4, ст. 57; 2001 г., №4, ст. 152; 2003 г., №4, ст. 143; 2004 г., №12,ч. 1, ст. 695; 2005 г., №3, ст. 115, №12, ст. 645; 2006 г., №7, ст. 338; 2007 г., №5, ст. 360) следующие дополнения:

1. Статью 10 дополнить пунктом 8) следующего содержания:

"8) Государственное хранилище ценностей при Министерстве финансов Республики Таджикистан.".

2. Дополнить статьей 12(2) следующего содержания:

"Статья 12(2). Право на приобретение оружия государственным хранилищем ценностей при Министерстве финансов Республики Таджикистан

Государственное хранилище ценностей при Министерстве финансов Республики Таджикистан для исполнения возложенных на него обязанностей по охране мест хранения ценностей государственного фонда драгоценных металлов и драгоценных камней Республики Таджикистан, а также при их транспортировке имеет право приобретать на основании разрешения оружие в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий  Закон  ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

г.Душанбе, 

5 августа 2009 года № 536

г.Душанбе, 

...