Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 547 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо бА Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, 167; с. 2002, №11, мод. 675, 750; с. 2003, №8, мод. 456, 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, 447; №10, мод. 803; № 12, қ. 1, мод. 986, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 202(1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 202(1). Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол ё фиристонидани прекурсорҳо

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол ё фиристодани прекурсорҳо бо мақсади истифода бурдани онҳо барои истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ба миқдори калон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №9, ст. 68, 69; №22, ст. 306; 1999г., №12, ст. 316; 2001г., №4, ст. 149, 167; 2002 г., №11, ст. 675, 750; 2003 г., №8, ст. 456, 468; 2004 г., №5, ст. 346, №7, ст. 453; 2005 г., №3, ст. 126, №7, ст. 399, №12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №1, ч. 1, ст. 3, №6, ст. 444, 447; №10, ст. 803; №12, ч.1, ст. 986, ч.2, ст. 992; 2009 г., №3, ст.80), следующие изменения и дополнения:

1. Статью 202(1) изложить в следующей редакции:

"Статья 202(1) Незаконные производство, изготовление, переработка, приобретение, хранение, сбыт, транспортировка или пересылка прекурсоров

1) Незаконные производство, изготовление, переработка, приобретение, хранение, сбыт, транспортировка или пересылка прекурсоров с целью их применения в производстве или изготовлении наркотических средств или психотропных веществ в крупном размере,

наказываются лишением свободы на срок до пяти лет.

2) Те же деяния, совершенные:

а) повторно;

б) группой лиц по предварительному сговору;

в) с использованием служебного положения,

наказываются лишением свободы на срок от пяти до семи лет с лишением права занимать определенные должности или заниматься определенной деятельностью сроком до пяти лет или без такового.

3) Деяния, предусмотренные частями первой или второй настоящей статьи, совершенные:

а) организованной группой;

...