ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 24, мод. 410; с. 2001, № 4, мод. 173; с. 2002, № 11, мод. 672; с. 2004, № 12 (қисми 1), мод. 690; с. 2007, № 7, мод. 680) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "юридикӣ", "бухгалтерӣ", "кредит", "аксия, аксияҳо", "байналхалқӣ", "система", "конкурс", "ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ", "асъори миллӣ", "санадҳои меъёрии", "баланс", "заёмҳои", "депозитҳо" мутаносибан ба калимаҳои "ҳуқуқӣ", "муҳосибӣ", "қарз", "саҳмия, саҳмияҳо", "байналмилалӣ", "низом", "озмун", "ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ", "пули миллӣ", "санадҳои меъёрии ҳуқуқии", "тавозун", "вомбаргҳои", "амонатҳо" иваз карда шаванд.
2. Ба Қонун моддаи 1(1) ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 1(1). Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ), ки мақсади асосиашон гирифтани фоида буда, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
- бонк - ташкилоти қарзие (кредитие), ки ақаллан ҳуқуқи иҷрои се амалиёти зерин: ҷалби амонату пасандозҳо, додани қарз (кредит), кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкиро дорад;
- ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ - ташкилотҳои қарзие (кредитие), ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- мақоми қарздиҳандаи ниҳоӣ - Бонки миллии Тоҷикистон, ки ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) барои гирифтани қарз дар ҳолати мавҷуд набудани имкониятҳои дигари қонеъ гардонидани талаботашон метавонанд ба он муроҷиат кунанд;
- қурби расмии асъор - қурби асъор, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлат муқаррар кардааст;
- тавозуни пардохт - таносуби байни маблағҳои пулии аз хориҷи кишвар воридшуда ва ба хориҷи кишвар пардохтшуда;
- меъёри бозтамвил - меъёри ҳадди ақалли фоизие, ки аз рӯи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ қарз медиҳад;
- қарз (кредит) - маблағи пулие, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба муштарӣ бо шартҳои мӯҳлатнокӣ, пардохти фоиз ва баргардонидан дода мешавад;
...