ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 726, аз 11.02.2025 № 2150, аз 17.06.2026№ 2288)
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ҳангоми таҳия ва тасдиқи талаботи техникии иҷрояшон ҳатмӣ нисбат ба маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ ба амал меоянд, танзим намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни ин муносибатҳоро муқаррар менамояд (№ 2150).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд.
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-объектҳои бамеъёрдарории техникӣ - маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, истифодаи партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисмати бехатарӣ;
-талаботи техникӣ - меъёр, қоида, хусусият ва (ё) талаботи дигари техникӣ нисбат ба объектҳои бамеъёрдарории техникӣ;
-бамеъёрдарории техникӣ - фаъолият оид ба муқаррар намудани талаботи техникии риояашон ҳатмӣ, ки ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисмати бехатарӣ алоқаманданд;
-бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ - мувофиқати маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигаҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба талаботи техникӣ, ки вуҷуд надоштани хатари норавои овардани зарар ба ҳаёту саломатии инсон, молу мулк ва муҳити зистро пешбинӣ менамояд (№ 2150;
-регламенти техникӣ - санади меъёрии техникӣ, ки дар ҷараёни бамеъёрдарории техникӣ таҳия шуда, талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста бо бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ муқаррар мекунад;
-ҳуҷҷати ҳамоҳангшуда - ҳуҷҷати меъёрии техникӣ, ки дорои маҷмӯи талабот буда, иҷрои онҳо мутобиқати маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасониро дар қисми бехатарӣ ба талаботи регламентҳои техникӣ таъмин менамояд;
-бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ - аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии масъули ташкили корҳои бамеъёрдарории техникӣ ба қайд гирифтани санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва идентификатсияи (мушобеҳгардонии) онҳо;
...