ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 12, мод. 681) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар номи Қонун ва минбаъд дар тамоми матни Қонун баъд аз калимаи "консепсияҳо," калимаи "стратегияҳо" илова карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ";
- ба модда қисми нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:";
- дар сархати якум баъд аз калимаи "нишондиҳандаҳоеро" калимаҳои "(индикаторҳоеро, параметрҳоеро)" илова карда шаванд;
- сархати чорум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"- стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонҳадафҳои дарозмуддат ва нишондодҳои ниҳоят муҳим доир ба ҳалли вазифаҳои афзалиятнок ва инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои мушаххас дар заминаи истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда;".
3. Дар моддаи 3:
- дар қисми сеюм баъд аз калимаҳои "пешрафти илму техника" калимаҳои "технологияҳои иттилоотӣ," илова карда шаванд;
- дар сархати чоруми қисми чорум баъд аз калимаи "нишондиҳандаҳои" калимаҳои "(индикаторҳои, параметрҳои)" илова карда шуда, калимаҳои "фарҳанг ва" ба калимаҳои "фарҳанг, бунёди объектҳои иттилоотӣ, инкишофи" иваз карда шаванд;
...