×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, № 44 "Дар бораи партовҳ ои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ"

Санаи амалкуни: 28.06.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо Кодекси экологии ҶТ аз 21.10.2026 № 2299 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ПАРТОВҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ИСТЕЪМОЛӢ

(Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 109, аз 28.06.2011 № 736, аз 16.02.2026 № 2252)

(Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 109, аз 28.06.2011 № 736, аз 16.02.2026 № 2252)

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан, безараргардонӣ ва гуронидан, инчунин дар идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба миён меоянд, танзим менамояд ва ба пешгирии таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити зист, саломатии инсон ҳангоми муомилот бо партовҳо ва истифода бурдани онҳо барои эҳтиёҷоти хоҷагию истеҳсолӣ ба сифати манбаи иловагии ашёи хом мусоидат менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2252).

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 736)

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 736)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 736):

- партовҳо - моддаҳои гуногун, масолеҳ ва ҷисмҳое, ки дар рафти ҳаёт ва фаъолияти инсон ба вуҷуд омада, дар ҷои пайдо ё зоҳиршудаашон қобили истифода бурдан нестанд ва моликашон онҳоро нобуд карданианд ё худ ҳатман бо роҳи истифодабарӣ ё барҳамдиҳӣ аз онҳо халос шуданиянд;

- партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ - маҳсулот, масолеҳ, моддаҳое, ки дар натиҷаи истифодабарӣ хусусиятҳои истеҳсолӣ ё истеъмолии худро пурра ё қисман гум кардаанд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2252);

- ашёи хоми дуюмдараҷа - партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолие, ки барои истифодаи дубора ҷамъ (муҳайё) ва тайёр карда шудаанд;

...
(Утратил силу в редакции Экологического кодекса РТ от 21.10.2026 №2299)

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об отходах производства и потребления

Ахбори Маджлиси Оли РТ 2002 г., № 4 часть 1 ст.287

(в редакции Закона РТ от 25.07.2005г. № 109, от 28.06.2011г. №736, от 16.02.2026 №2252)

(в редакции Закона РТ от 25.07.2005г. № 109, от 28.06.2011г. №736, от 16.02.2026 №2252)

Настоящий Закон регулирует отношения, возникающие в процессе образования, сбора, хранения, использования, транспортирования, обезвреживания и захоронения отходов, а также государственного управления, надзора и контроля в области обращения с отходами и призван содействовать предотвращению отрицательного воздействия отходов производства и потребления на окружающую среду и здоровье человека при обращении с ними, а также вовлечению их в хозяйственно-производственный оборот в качестве дополнительного источника сырья.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

(в редакции Закона РТ от 28.06.2011г. №736)

(в редакции Закона РТ от 28.06.2011г. №736)

...