ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №24, мод. 410; соли 2001, №4, мод. 173; соли 2002, №11, мод. 672; соли 2004, №12, қ. 1, мод. 690) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Банди 4 моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4) фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкиро назорат ва танзим менамояд;".
2. Аз моддаи 31 калимаҳои "истисноии иҷозатдиҳӣ," хориҷ карда шаванд.
3. Дар сархати дуюми қисми дуюми моддаи 36 калимаҳои "додан ва бозхондани" ба калимаи "додани" иваз карда шаванд.
4. Аз қисми якуми моддаи 43 калимаҳои "ва онҳоро бозхонда мегирад" хориҷ карда шаванд.
5. Дар моддаи 48:
- банди 5 хориҷ карда шавад;
- бандҳои 6 ва 7 мутаносибан бандҳои 5 ва 6 ҳисобида шаванд;
- банди 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"7) амали иҷозатномаи анҷомдиҳии амалиёти бонкиро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" боздорад".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
...