Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 253 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"

Моддаи 1. Қисми якуми моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №10, мод. 146; соли 1999, №11, мод. 278; соли 2003, №8, мод. 453; соли 2005, №12, мод. 642; соли 2006, №3, мод. 147; №7, мод. 339) дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба воҳидҳои оперативии мақомоти зерин дода мешавад:

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об оперативно - розыскной деятельности"

Статья 1. Часть первую статьи 13 Закона Республики Таджикистан от 23 мая 1998 года "Об оперативно- розыскной деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., № 10, ст. 146; 1999 г., № 11, ст. 278; 2003 г., № 8, ст. 453; 2005 г., № 12, ст. 642; 2006 г., № 3, ст. 147; г., № 7, ст. 339) изложить в следующей редакции:

"Право осуществлять оперативно-розыскную деятельность на территории Республики Таджикистан предоставляется оперативным подразделениям следующих органов:

Министерства внутренних дел Республики Таджикистан;

Министерства обороны Республики Таджикистан;

Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан;

Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан;

Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан;

Национальной гвардии Республики Таджикистан;

Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан;

Управления исправительных работ Министерства юстиции Республики Таджикистан".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                     Э.Рахмонов

Президент

...