Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, № 33 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, №9, моддаҳои 68,69; №22, моддаи 306; соли 1999, №12, моддаи 316; соли 2001, №4 моддаҳои 149, 167) қабул шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Моддаи 130.1 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

Моддаи 130 (1). Хариду фурӯши одамон

1. Хариду фурӯши одамон, яъне харид ё фурӯши одам бо розигӣ ё бе розигӣ бо роҳи фиреб, ҷалбкунӣ, пинҳонкунӣ, супурдан, интиқол, дуздӣ, қаллобӣ, сӯистеъмоли ҳолати заифӣ, додани ришва барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар шахсро назорат мекунад, инчунин дигар шаклҳои маҷбурсозӣ бо мақсади минбаъд фурӯхтан, ҷалбкунӣ барои фаъолияти шаҳвонӣ ё ҷиноятӣ, истифодабарӣ дар муноқишаҳои мусаллаҳона, корчаллонии фисқу фуҷур (порнографӣ), меҳнати маҷбурӣ, ғуломӣ ё одатҳои ба ғуломӣ монанд, асорати қарзӣ ва ё фарзандхонӣ бо мақсади тиҷоратӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

2. Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) нисбати ду ё зиёда шахс;

г) бо истифодаи зӯрӣ ё таҳдиди истифодаи он;

д) бо мақсади аз ҷабрдида гирифтани узв ё бофтаҳои бадан барои трансплантатсия;

е) аз тарафи шахси мансабдор ё намояндаи ҳокимият бо истифодаи вазифаҳои хизматӣ, ё дигар шахсе, ки дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилотҳо вазифаи идоракуниро иҷро мекунад;

ё) бо ҷойивазкунии ҷабрдида тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда бошад,

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, утвержденный Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахборй Маджлиси Оли Республики Таджикистан 1998 год, № 9, статьи 68,69; № 22, статья 306; 1999 год, № 12, статья 316; 2001год, № 4, статьи 149,167) следующие изменения и дополнения:

Дополнить статьей 1301 следующего содержания:

Статья 130(1). Торговля людьми

1. Торговля людьми- это купля или продажа человека с согласия или без согласия путем обмана, вербовки, укрывательства, передачи, перевозки, похищения, мошенничества, злоупотребления уязвимостью положения, подкупа для получения согласия лица, контролирующего другое лицо, а также других форм принуждения с целью дальнейшей продажи, вовлечения, в сексуальную или преступную деятельность, использования в вооруженных конфликтах, в порнографическом бизнесе, в принудительном труде, рабство или обычаи сходные с рабством, долговая кабала или усыновление (удочерение) в коммерческих целях,

наказывается лишением свободы на срок от пяти до восьми лет с конфискацией имущества.

2. Деяния, предусмотренные частью первой настоящей статьи, если совершены:

а) повторно;

б) группой лиц по предварительному сговору;

в) в отношении двух или более лиц;

г) с применением насилия или угрозы ее применения;

д) с целью изъятия у потерпевшего органов или тканей для трансплантации;

о) должностным лицом или представителем власти с использованием своего служебного положения либо иным лицом, выполняющим" управленческие функции в коммерческой или иной организации;

с) с перемещением потерпевшего через государственную границу Республики Таджикистан,- наказываются лишением свободы на срок от восьми до двенадцати лет с конфискацией имущества.

...