ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи адвокатура
(Қонуни конст. ҶТ аз 6.08.2001 № 36, аз 3.03.2006 № 161)
(Қонуни конст. ҶТ аз 6.08.2001 № 36, аз 3.03.2006 № 161)
Моддаи 1. Адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи мустақили касбӣ буда, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ашхоси воқеӣ ва ашхоси ҳуқуқӣ расонидани ёрии ҳуқуқиро таъмин менамояд.
Адвокат ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳимоя карда, ғояҳои башардӯстӣ, адолат, қонуниятро таҷассум мекунад.
Моддаи 2. Шарҳи мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳое, ки дар Қонун мавҷуданд, маънии зерин доранд:
Адвокат - узви ҳайати коллегияи адвокатҳо, адвокати ваколатдор .
Фаъолияти адвокатӣ - фаъолияти адвокатҳо барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ .
Адвокати ваколатдор - соҳибкор, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.
Восита ва усулҳои қонунӣ - восита ва усулҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ки онҳоро қонунгузории ҷорӣ манъ накардааст.
Манфиати қонунӣ - ҳар гуна манфиатҳои ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузории ҷорӣ бевосита ё бавосита эътироф кардааст ва ё мазмуни дақиқи он мухолиф намебошад.
...