ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АЗ 26 СЕНТЯБРИ СОЛИ 1999
I. Моддаи 28 дар таҳрири зерин пешниҳод мешавад.
«Моддаи 28. Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад».
II. Боби сеюм дар таҳрири зерин пешниҳод мешавад:
«БОБИ СЕЮМ МАҶЛИСИ ОЛӢ
Моддаи 48.
Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Мӯҳлати ваколати Маҷлиси Олӣ 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси Олии даъвати нав қатъ мегардад.
Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.
Моддаи 49.
Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Ба вакили Маҷлиси намояндагон шаҳрванде интихоб мешавад, ки синни ӯ аз 25 кам набошад.
Аз чор се ҳиссаи Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.
Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
...