Фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2026 №72/ф "Дар бораи Меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ (МҚШ ҶТ 81-02-2022), Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои таъмирию сохтмонӣ (МУХТ ҶТ-2022) Маҷмуаи №1-20"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

16-уми июли соли 2026, №1425

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ (МҚШ ҶТ 81-02-2022), Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои таъмирию сохтмонӣ (МУХТ ҶТ-2022) Маҷмуаи №1-20
120.030.030.

Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 6 Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, № 324 тасдиқ шудааст, банди 4 ва 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

фармоиш медиҳам:

1. Меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ (МҚШ ҶТ 81-02-2022), Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои таъмирию сохтмонӣ (МУХТ ҶТ-2022) Маҷмуаи №1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19 ва 20 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои №1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19 ва 20).

2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Зербанди «д» банди 1 фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015, №121/ф «Дар бораи тасдиқ намудани меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ оид ба танзими низоми нархгузорӣ», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 марти соли 2016, №812 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, хориҷ карда шавад.

4. Фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2025, №91/ф “Дар бораи тасдиқи меъёру қоидаҳои шарсозӣ (МҚШ ҶТ 81-02-2022) Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои сохтмон (МУХт ҶТ-2022) Маҷмуаи №1-21” аз эътибор соқит дониста шавад.

5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.


...


КОМИТЕТ ПО АРХИТЕКТУРЕ И СТРОИТЕЛЬСТВУ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

 734025, город Душанбе, проспект Хусейнзода 36, тел: (992 37) 221-88-53, факс: (992 37) 223-02-00,Web site: www.tajsohtmon.tj, электронная почта: info@tajsohtmon.tj

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Градостроительных нормах и правилах (ГНиП РТ 81-02-2022), Элементные сметные нормы на ремонтно-строительные работы (ЭСНрРТ-2022) Сборник №1-20
120.030.030.

В соответствии со статьями 5 и 13 Градостроительного кодекса Республики Таджикистан, пунктом 6 Правил ценообразования строительных работ, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 июня 2017 года, №324, а также пунктами 4 и 8 Положения о Комитете по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №150,

распоряжаюсь:

1. Утвердить Градостроительные нормы и правила (ГНиП РТ 81-02-2022), Элементные сметные нормы на ремонтно-строительные работы (ЭСНрРТ-2022) Сборник №1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19 и 20 (приложения №1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19 и 20).

2. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Подпункт «д» пункта 1 распоряжения председателя Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан от 25 декабря 2015 года, №121/ф «Об утверждении градостроительных норм и правил по регулированию системы ценообразования», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 15 марта 2016 года, №812 исключить.

4. Признать утратившим силу распоряжения председателя Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан от 10 ноября 2025 года, №91/ф «Об утверждении градостроительных норм и правил (ГНИП РТ 81-02-2022) Элементные сметные нормы на ремонтно-строительные работы (ЭСНрРТ-2022) Сборник №1-21».

5. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя председателя Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан — куратора отрасли.

Председатель Комитета по архитектуре и строительству
при Правительстве Республики Таджикистан          Низом Мирзозода Юсуфӣ
...