Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1-уми июли соли 2026, №383(ё)
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ф А Р М О И Ш
Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2014, №47/ф
120.120.000.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 150 тасдиқ шудааст, фармоиш медиҳам:
1. Ҳайати Комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, ки бо фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2014, №47/ф «Дар бораи таъсиси Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ» тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 апрели соли 2021, №383 «е» ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумита аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.
Раиси Кумитаи меъморӣ васохтмони назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода
ш. Душанбе, аз 17 июни соли 2026, №73/ф
...