Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2026, № 632 "Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи иловагӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба барномаи волонтёрони Корея дар хориҷа"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи иловагӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба барномаи волонтёрони Корея дар хориҷа


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Лоиҳаи Созишномаи иловагӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба барномаи волонтёрони Корея дар хориҷа маъқул дониста шавад.

2.Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи иловагии мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Корея сана ва маҳалли имзои Созишномаи иловагии мазкурро мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 14 сентябри соли 2026, №632

СОЗИШНОМАИ ИЛОВАГӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ОИД БА БАРНОМАИ ВОЛОНТЁРОНИ КОРЕЯ ДАР ХОРИҶА

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея, ки минбаъд якҷоя «Тарафҳо» номида мешаванд,

бо мақсади таҳкими ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои ду кишвар,

бо мақсади фароҳам овардани асосҳои ҳуқуқӣ барои фаъолияти волонтёрони Корея дар хориҷа (минбаъд «волонтёрон») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дар доираи Барномаи «\World Friends Korea» (минбаъд - «Барнома») фиристода мешаванд,

...

Правительство Республики Таджикистан 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О проекте Дополнительного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Корея о программе корейских волонтеров за рубежом

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить проект Дополнительного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Корея о программе корейских волонтеров за рубежом.

2. Министру экономического развития и торговли Республики Таджикистан подписать настоящее соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовывать с корейской стороной дату и место подписания настоящего Дополнительного соглашения.

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                                    Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 14 сентября 2026 года №632
...