ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Протокол дар бораи марҳилаҳои ташаккули бозори умумии электроэнергетикии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Протокол дар бораи марҳилаҳои ташаккули бозори умумии электроэнергетикии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 21 майи соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербург ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Протоколи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 12 сентябри соли 2026, № 631
...