Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 2026, № 630 "Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома дар бораи таъмини фаъолияти мувозии низомҳои электроэнергетикии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 1998"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома дар бораи таъмини фаъолияти мувозии низомҳои электроэнергетикии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 1998


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома дар бораи таъмини фаъолияти мувозии низомҳои электроэнергетикии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 1998, ки 30 майи соли 2012 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2.Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Протоколи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 12 сентябри соли 2026, № 630


...

Правительство Республики Таджикистан 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Протокола о внесении изменений в Договор об обеспечении параллельной работы электроэнергетических систем государств-участников Содружества Независимых Государств от 25 ноября 1998 года

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Протокол о внесении изменений в Договор об обеспечении параллельной работы электроэнергетических систем государств-участников Содружества Независимых Государств от 25 ноября 1998 года, подписанный 30 мая 2012 года в городе Ашхабад.

2. Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Протокола.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Протокола.

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                                    Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 12 сентября 2026 года №630 
...