Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2026, № 625 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома оид ба Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома оид ба Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Созишнома оид ба Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА маъқул дониста шавад.

2. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқа намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №609 «Дар хусуси лоиҳаи Созишнома оид ба Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА» аз эътибор соқит дониста шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 сентябри соли 2026, № 625

Созишнома оид ба Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА

Ҳукуматҳои давлатҳо-аъзои Созишномаи мазкур, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо дарназардошти мақсадҳои Созишномаи бисёрҷонибаи асосӣ оид ба нақлиёти автомобилӣ ҷиҳати рушди долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё, аз 8 сентябри соли 1998 (минбаъд - Созишномаи асосӣ)

...

Правительство Республики Таджикистан 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О проекте Соглашения о Едином транзитном разрешении ТРАСЕКА

 В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить проект Соглашения о Едином транзитном разрешении ТРАСЕКА.

2. Министру транспорта Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости вносить в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать со странами Центральной Азии дату и место подписания настоящего Соглашения.

4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2022 года, №609 «О проекте Соглашения о Едином транзитном разрешении ТРАСЕКА».

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                                    Эмомали Рахмон
г. Душанбе от 8 сентября 2026 года №625


Соглашение о Едином транзитном разрешении ТРАСЕКА

 Правительства государств-участников настоящего Соглашения, именуемые в дальнейшем Сторонами,

ссылаясь на цели Основного многостороннего соглашения о международном транспорте по развитию коридора Европа - Кавказ - Азия от 8 сентября 1998 года (далее - Основное Соглашение),

...