Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2026, № 511 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №671"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №671


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 671 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

-дар банди 1 рақами «11» ба рақами «30» иваз карда шуда, калимаҳои «, дар доираи воҳидҳои кории амалкунанда ва маблағҳои пешбинишудаи муассисаҳои зеротобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд;

-дар банди 2 калимаи «маорифи» ба калимаҳои «маориф ва илми» иваз карда шавад;

-бандҳои 3(1) ва 3(2) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«3(1). Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-ро дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.

3(2). Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо бино таъмин намудани Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» чораҳои зарурӣ андешанд.».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 июли соли 2026, № 511


...