×

Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2026, № 488

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «17» июли соли 2026, № 488

Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Оиннома) асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии фаъолияти консулиро бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии он дар хориҷи кишвар муайян мекунад.

2.Фаъолияти консулӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии он дар хориҷи кишвар амалӣ карда мешавад.

3.Фаъолияти консулӣ ба рушди муносибатҳои нек ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дигар, густариши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра нигаронида шудааст.

4.Фаъолияти консулӣ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, Оиннома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

5.Мафҳумҳои асосие, ки дар Оиннома истифода мешаванд:

- амалҳои консулӣ - чораҳои аз ҷониби шахси мансабдори консулӣ барои иҷрои вазифаҳои консулӣ андешидашаванда;

- консул - консули генералӣ, консул, ноиби консул, вакили консулӣ, сардори хадамоти консулӣ ва сардори шуъбаи консулии намояндагиҳои дипломатӣ, ки роҳбари муассисаи консулӣ мебошад;

- корманди муассисаи консулӣ - шахсе, ки дар муассисаҳои консулӣ ё намояндагиҳои дипломатӣ ба иҷрои уҳдадориҳои маъмурию техникӣ машғул аст;

...


Приложение
к Постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «17» июля 2026 года, №488

Консульский устав Республики Таджикистан

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Консульский устав Республики Таджикистан (далее - Устав) определяет организационно-правовые основы и правовой статус консульской деятельности в целях защиты прав и интересов Республики Таджикистан, ее физических и юридических лиц за рубежом.

2.Консульская деятельность осуществляется в целях защиты прав и интересов Республики Таджикистан, ее физических и юридических лиц за рубежом.

3.Консульская деятельность направлена на развитие добрых и дружественных отношений между Республикой Таджикистан и другими странами, расширение экономических, торговых, научно-технических, культурных и других связей.

4.Консульская деятельность осуществляется в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, нормами международного права, международными договорами, участницей которых является Республика Таджикистан, Уставом и иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

5.Основные определения, используемые в Уставе:

- консульские действия - меры, предпринимаемые консульским должностным лицом для выполнения консульских функций;

- консул - генеральный консул, консул, вице-консул, консульский агент, начальник консульской службы, и начальник консульского отдела дипломатических представительств являющийся главой консульского учреждения;

- сотрудник консульского учреждения - лицо, выполняющее административно-технические задачи в консульских учреждениях или дипломатических представительствах ;

...