Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2026, № 1140 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:

1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, № 798 «Дар бораи масъалаҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1)дар банди 20 замимаи 1 калимаҳо ва рақами «Мирзо Турсунзода, 23» ба калима ва рақами «Беҳзод - 47а» иваз карда шаванд;

2)замимаи 2 дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад);

3)ба замимаи 3 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе»».

2. Дар банди 2 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 147 «Дар бораи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рақами «75» ба рақами «85» иваз карда шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 17 феврали соли 2026, № 1140
Замимаи 2
ба фармони Президенти
...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнения в некоторые указы Президента Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» постановляю:

1. Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 27 марта 2024 года, №798 «О вопросах Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан» следующие изменения и дополнение:

1)в пункте 20 приложения 1 слова и цифру «Мирзо Турсунзаде, 23» заменить словом и цифрой «Бехзод-47а»;

2)приложение 2 утвердить в новой редакции (прилагается);

3)приложение 3 дополнить четвертым абзацем следующего содержания:

«Общество с ограниченной ответственностью «Технологический парк программных продуктов и информационных технологий в городе Душанбе»».

2. В пункте 2 указа Президента Республики Таджикистан от 3 апреля 2021 года, №147 «Об Агентстве по инновациям и цифровым технологиям при Президенте Республики Таджикистан» цифру «75» заменить цифрой «85».

Президент
Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон
г. Душанбе 17 февраля 2026 года №1140


Приложение 2
к указу Президента
...