Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025, № 2197 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

Санаи амалкуни: 06.10.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 11 июни соли 2025, № 132
қабул шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 1 октябри соли 2025, № 70
ҷонибдорӣ шудааст


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278; с. 2020, №12, мод. 912; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, №7, мод. 447; с. 2023, №11, мод. 468, с. 2024, №1-2, мод. 20, мод. 21, №3-4, мод. 156, №5-6, мод. 263, мод. 264) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1.Ба моддаи 1 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- бозомӯзӣ - таҳсилоти баъдидипломӣ, ки бо мақсади азхудкунии ихтисоси нав амалӣ карда мешавад;».

2. Дар моддаи 23:

ба қисми 2 сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- диплом дар бораи таҳсилоти иловагӣ – барои хатмкунандагони курсҳои бозомӯзии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ;

- шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти иловагӣ – барои хатмкунандагони курсҳои такмили ихтисоси муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ;»;

- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«6. Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи таҳсилот (ба истиснои таҳсилоти умумии асосӣ)-ро пурра ба охир нарасондаанд, аз ҷониби муассисаи таълимӣ маълумотнома дода мешавад.».


Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2025, № 2197